Конститутсия ин шиносномаи миллат, ҳуҷати сарнавиштсоз, рамзи ваҳдату адолат ва кафили озодиву ҳуқуқи инсон мебошад. 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳиме ба амал омад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз ҳамон рӯз инҷониб Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва соҳибихтиёрии давлат гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ нест – он рамзи ҳастии миллӣ, манбаи эҳёи сиёсӣ ва пояи суботи давлатдорӣ мебошад. Меъёрҳояш ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудааст. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Конститутсия далели рушди конститутсионализми миллат мебошанд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ , балки рамзи ваҳдати миллӣ ва пойдории давлат аст”.
Таҳкими нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷамъиятӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи қатъии принсипҳои он яке аз омилҳои асосии рушди давлати муосири тоҷик ба шумор меравад.
Конститутсия дар соҳаи тиб нақши асосиро мебозад, зеро вай ҳамчун қонуни асосӣ , принсипҳои асосии тартиботи қонунӣ, ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба нигоҳдории тандурустиро ифода менамояд. Он асосҳои сиёсати давлатии нигаҳдории тандурустиро муайяни намуда, дастрасиро ба хизматрасонии тиббӣ кафолат медиҳад ва заминаи ҳуқуқии фаъолияти низоми тандурустиро ташкил медиҳад.
Яке аз ҷанбаҳои асосии нақши Конститутсия дар соҳаи тиб – ин ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ мебошад. Тибқи он Конститутсия ба ҳар як шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббиро кафолат медиҳад. Он дар моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ инҳоянд:
-гузаронидани чорабиҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷойи истиқоматии аҳолӣ;
-расонидани хизматрасониҳои тибббию санитарӣ ба аҳолӣ;
-дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ;
-масъулиятшиносии кормандони тиб барои саривақт расонидани хизмати босифати тиббӣ;
-назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи тандурустӣ ;
Ҳамин тариқ , ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза ба шумор рафта , давлат ва ҷомеа якҷоя барои ҳифз ва таҳкими он амал менамояд.
Қадамалиева Мунира Давлаталиевна, мудири кафедраи тибби оилавии, ДМТ, н.и.т., дотсент







