НАҚШИ ЮНЕСКО ДАР ҲИФЗИ АНЪАНА ВА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ ДАР МИСОЛИ ҶАШНИ САДА

47

Таҳти ин унвон дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯ-шаҳрвандони хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, олимони соҳа, муҳаққиқон ва шахсони мутасаддии факултетҳо доир шуд. Ҳамоиш дар самти татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҳандозӣ гардид.

Гуфта шуд, ки иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсизабон мебошад ва бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода Илёс оғоз ёфт. Дар идомаи чорабинӣ муҳаққиқон оид ба ҷашни Сада ва нақши он дар фарҳанги миллии тоҷикон маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷумла, доктори илмҳои филология, декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ”, Ҳоҷаев Меҳровар – устоди факултети таърих оид ба”Сада – ҷашни миллии тоҷикон”, Муродзода Умед – директори Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба “Ҷашни Сада: Сада чист?” баромад намуданд.

Бахши саволу ҷавобҳо ба иштирокчиён имкон дод, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ҷашни Сада баён намоянд.