Имрӯз (03.10.2025) дар пояи кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббии ДМТ семинари умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзуи «Омӯзиши масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи фарбеҳӣ ҳамчун яке аз мушкилоти муҳимvи замони муосир, инчунин баррасии роҳҳои самараноки пешгирӣ ва рафъи оқилонаи он мебошад.
Ҳамоишро декани факултети тиббӣ, номзади илмҳои тиб Азиззода З.А. ифтитоҳ намуда, дар бораи фарбеҳӣ ҳамчун яке аз мушкилоти муҳимvи замони муосир ва роҳҳои самараноки пешгирӣ ва рафъи он андешаронӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки мубориза бо фарбеҳӣ танҳо масъалаи тиббӣ набуда, балки дар баробари он тарзи ҳаёт, фарҳанги ғизо ва огоҳии ҷомеаро низ фаро мегирад.
Зимнан сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р.А. суханронӣ намуда афзуд, ки «Ташкили дурусти ғизо – ҷузъи муҳимvи тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, ҳар як инсон бояд дониши илман асосёфта дар мавриди ғизои оқилонаро соҳиб бошад. Огоҳӣ аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи диетология ва риояи принсипҳои одилонаи ғизо ба коҳиши хатари фарбеҳӣ ва дигар бемориҳои марбут мусоидат менамояд».
Ҳамзамон, дар доираи семинар номзади илмҳои тиб, дотсент Арофат Ахмедова бо рӯнамоӣ (презентатсия) таҳти унвони «Масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он» пешниҳод намуда, омилҳои асосии пайдоиши фарбеҳӣ, роҳҳои муосири ташхису табобат ва нақши тарзи ҳаёти солимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, ассистенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ Парвиз Абдуназаров дар мавзeи«Маълумотҳои оморӣ оид ба паҳншавии бемории диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Зимни баромад оид ба алоқамандии фарбеҳӣ бо диабети қанд, оморҳои тоза ва зарурати чораандешии фаврӣ дар ин самт маълумот дод.
Дар ҷараёни семинар? инчунин, саволу ҷавоб оид ба муайян намудани “Риояи тартиби ғизои солим” сурат гирифта, донишҷӯён ба масъалаҳои марбут ба омилҳои асосии ба фарбеҳӣ мусоидаткунанда, роҳҳои нави тарғиби тарзи ҳаёти солимро муҳокима намуданд.
Дар охир таъкид гардид, ки фарбеҳӣ – на танҳо натиҷаи нодуруст ғизо хӯрдан, балки натиҷаи беҳаракатӣ, стресс ва тағйирёбии муҳити зист мебошад. Муолиҷаи он бояд ҷисмонӣ ва равонӣ бошад.