КОРРУПСИЯ — МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ ҶОМЕ

16

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия ва ё ришва, ки ба истилоҳ зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаҳмида мешавад, яке аз шаклҳои монеъшавандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои хатарзо дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин зуҳуроти нангини ҷомеа аз қадимтарин замонҳо, ки ҷомеаи башарӣ тағйиротҳои гуногун ва пешравиҳои зиёдро ноил гашт, арзи вуҷуд карда, то имрӯз решаҳои худро мустаҳкам кардааст. Коррупсия, ки он як навъи фасодкорист, маънои табоҳӣ, харобӣ ва вайрониро медиҳад. Ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеъшавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа монеъ шуда, аз сӯи ашхосе, ки масъул ва ё соҳибқудратанд, ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан анҷом дода мешавад

Боиси ифтихори мо аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба пешгирӣ намудан ва даст назадан ба ин амалҳои номатлуб заминаҳои устувор гузошта шудааст. Аз ҷумла дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дастзада муқаррароти дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, агар аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он аст. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро наметавонад бе тараф гузорад, зеро коррупсия ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа метавонад ба ҳолати осебпазирӣ қарор диҳад. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омаданд ва барои мубориза бо коррупсия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Зимнан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳоеро муқаррар кардааст, ки бевосита ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд. Масалан, дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: “Ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва суди амалӣ мегардад”.

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки хусусияти иқтисодидошта ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа эҷод мекунад. Инчунин, коррупсия ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ, ҷалби сармоя монеа эҷод намуда, ба институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ мубориза бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем, баҳри зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат бандем.

Ҳабибҷон Мирсоқов, ассистенти кафедраи морфологии факултети тиббии ДМТ