“Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсияи нав барои барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт. Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шурои Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр чун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиер, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар давлатҳои чахон, Конститутсия ба сифати Қонуни Асосӣ амал мекунад ва ҳамаи дигар қонунҳо маҳз аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии қонуният дар кишвар аст.
Ҷумҳурии моро тавассути конститутсияи демократию сиёсати сулҳҷӯёнаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, аксари кулли давлатҳои дунё эътироф кардаанд ва ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст. Ба ин пеш аз ҳама ҷавҳари демократии қонститутсияи мамлакатамон мусоидат кардааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарро таҷассум намудааст ва ба ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мувофиқат мекунад. Дар Қонуни Асосии кишвари мо озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муқаддас шуморида шудаанд. Дар моддаи 5-уми конститусия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ доранд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фикрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро эътироф намуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории милӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, хукукбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Хусусияти демократии конститутсияи мамлакати мо аз тарафи аксари кулли институтҳои ҳуқуқии башарият эътироф гардидааст ва дар байни конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои демократитарин шинохта шудааст. Моҳияти демократии конститутсия дар моддаи 1-уми он таҷассум ёфтааст, ки дар он чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунад. Тавре маълум аст, соли 1991 дар пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ хизмат намуда, боиси барканоршавии сарвари давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо ба инобатгирии манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҷои идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд. Дар давоми амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64). Президенти кишварро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла тибқи моддаи 87-уми Конститутсия «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имконияти пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Вобаста ба аҳамияти Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Ҳамин тариқ, Қонуни Асосии кишвар, ки аз 10 боб ва 100 модда инчунин «муқаррароти интиқолӣ» иборат аст, ҳамаи паҳлуҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти моро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин салоҳияти мақомотҳои асосии давлат ва ҳокимиятро муқаррар намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад ва риояи он барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист.
Хулоса хамватанони азиз Конститутсия – қонуни зиндагӣ ва асоси давлату давлатдорӣ буда, ҳамагонро ба муносибати 29-умин солгарди қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллату давлат табрику муборакбод намуда, ба ҳама саодату хушбахти, тансихатию хонаободиро орзумандам.
Гафуров Сафархон, мудири кафедраи асосҳои тайёрии тибби ва бехатарии фаъолияти хаёт, дотсент