Имрӯз (05.11.2025) бахшида ба 31- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни факултети тиббии ДМТ вохӯрии судманд баргузор шуд.
Дар кори нишаст декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб Азиззода З.А., дотсенти факултети ҳуқуқшиносӣ Шерализода Ҷ., муаллими калони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Абдулазизи А. ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ устодон аҳаммияти таърихиву ҳуқуқии Конститутсия, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмин намудани суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқ дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Ҳамзамон, ба ин муносибат миёни донишҷӯёни ихтисоси стоматологияи факултети тиббӣ нишаст баргузор гардид, ки дар он устоди факултет, дотсент Самадзода А.С. ва мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, дотсент Шарифзода Ф.Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки муносибатҳои дохиливу хориҷӣ, ҷамъиятиву фарҳангӣ ва идоракунии ҳар як давлати соҳибистиқлолро ба танзим медарорад.











