КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ МУҚАДДАС ВА ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

18

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз он рӯз 31 сол сипарӣ гашт. Боиси хушнудӣ ва хушбахтист, ки маҳз 6 – ноябрро ҳамасола дар сартосари Кишвари азизамон ҳамчун санаи бузург ва хеле муҳим бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд.

Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити имрӯза, бояд дорои Конститутсия бошад. Имрӯз Конститутсия қонуни асосии ҳар давлати муосири мутамаддин гаштааст. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Зеро дар Конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти он инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёрҳо ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб мебошад.

Чи тавре, ки дар яке аз паёмҳояшон Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳитарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Чи хеле, ки маълум аст, Конститутсия санади расмии дорои аҳамияти бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад ва дар он масъалаҳои муҳими рушди ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии аҳолӣ инъикос ёфтааст. Қонуни асосӣ асосан принсипҳо, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд.

Нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян карда, самтҳои рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, волотарин арзиши миллат ҳисобида мешавад. Дар он арзишҳои олии кишвар: рамзҳои давлатӣ, мақоми забони давлатӣ, инсон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намуда, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки тӯли таърихи ҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, ҷаҳду талошҳои фарзандони фарзонаву хирадманди ин халқро дар роҳи расидан ба мартабаи соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.

Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти хеле муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай тибқи талаботҳои он таъмин мегардад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд, ки «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эътиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем».

Эҳтиром ва риояи меъёрҳо ва талаботҳои Конститутсия, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Эътимоди комил дорем, ки 31 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу бономуси кишвари соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт, дотсент – Ғафуров Сафархон Ҷурахонович