КОНСТИТУТСИЯ ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МАҚОМИ МАХСУС ДОРАД

101

Айни замон мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи яке аз санаҳои муҳимии таърихӣ-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо истифода аз ин фурсат тамоми устодону кормандон ва мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори ин санаи муҳим ва тақдирсоз таҳният намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо бахту иқболи баланд, хушҳоливу тансиҳатии комилро орзумандам.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ваҳифзи ҳуқуқиҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан бақонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони мамлакат заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣфароҳам оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ унвон намудаанд.

Дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ заминаи меъёрию ҳуқуқии тамоми соҳаҳо таъмин ва вобаста ба ҳар як бахши муҳими ҷомеа модда ва бобҳои алоҳида ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар он нақш ва мақоми хоса дорад. Масалан, дар моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад».

Бешубҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба солимии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин давра як қатор корҳои муҳимро амалӣ намуд, ки ин бевосита ба солимгардонии мардуми кишвар равона гардидааст. Аз ин рӯ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳисоб меравад.

Воқеан ҳам соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ваҲукумати Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди он ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд.

Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.

Бинобар ин, Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем.

Давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои тандурустии кишвар чорабиниҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла қисмати зиёди муассисаҳои тандурустии кишвар таъмир ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, дар ин замина бо нақлиёти тиббӣ ҷиҳати расонидани ёрии аввалия таъмин карда шуданд.

Инчунин, рушди заминаи таълимӣ ва тарбия ва бозомӯзии кадрҳои ҷавон яке аз мақсадҳои асосии мо устодону кормандони соҳаи тиб мебошад, ки бо мақсади устуворнокии раванди вориднамоии мутахассисони соҳа мунтазам кӯшишу ғайрат менамоем.

Ҳамзамон, дар соҳаи тандурустии кишвар ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин ниҳод ба шумор меравад.

Вобаста ба масъалаи мазкур низ дар моддаи 34-и Конститутсияи кишвар чунин омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.

Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар як қатор муассисаҳои нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта мавриди истифода дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъбон мақоми хоса дорад.

Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат пайваста ба ятимон муроҷиат намуда мегуянд: “Шумо бе падару модар нестед. Падару модари Шумо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Устодону кормандони факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои дар боло зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб ва беҳтар намудани сифати таълим тамоми кӯшиш ва талоши хешро пайваста равона хоҳад сохт.

Иззатуллоев Алиқул, устоди факултети тиббии ДМТ