Деканат

Маълумоти мухтасар дар бораи мушовирони академии факултети тиббӣ

Сафаров Саймуҳамад Исломович соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2006 ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2011 бо ихтисоси «Химик-муаллим” хатм намудааст. Солҳои 2011-2020 дар кафедраи химияи таҳлилӣ ДМТ ба ҳайси ассистент, муаллими калон адои вазифа намуда, аз моҳи октябри соли 2020 дар вазифаи эдвайзери дараҷаи дуюм дар факултети химия ва аз моҳи марти соли 2021 то 01.09.2022, эдвайзери дараҷаи дуюм аз 01.09.2022 то ҳол дар вазифаи эдвайзери дараҷаи якум дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам замон н.и.х муаллими калони кафедраи химияи таҳлили факултети химияи ДМТ фаъолият дорад. Моҳи декабри соли 2013 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, онро соли 2016 хатм кардааст. Моҳи октябри соли 2021 рисолаи илмиро барои дарёфти номзади илмҳои химия ҳимоя намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои химия гардид. Муалифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳо аз чоп баровардааст.

Сайдализода Саидвали Файзалӣ соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2007 ба  факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда,  онро соли 2012 аз рӯи ихтисоси биология, биолог. муаллим хатм намудааст. Номбурда аз сентябри соли 2010 дар кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология дар ҳаҷми 0,5 ҳиссаи кори ба ҳайси лаборант корро шуруъ намудааст. Баъди бомуваффақият хатм намудани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2012 ба ҳайси 1 ҳиссаи кори лаборанти кафедраи мазкур кору фаъолият менамуд.

Вобаста ба маҳорати хуби корӣ нишон доданаш‚ бо пешниҳоди мудири кафедра ва садорати факултет аз моҳи сентябри соли 2013-ум ба вазифаи ассистенти кафедраи мазкур таъин шуда, ҳоло ҳамчун муаллими калони кафедра фаъолият дорад.

Сайдализода Саидвали Файзалӣ аз рӯзҳои аввали ба кор омадан, худро ҳамчун як шахси хоксор, ростқавл, поктинат, меҳнатдӯст нишон дода, ҳамаи супоришҳои кафедра ва садорати факултетро дар вақташ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамояд. Заҳматҳо ва маҳорати Ӯ буд, ки тӯли солҳои 2017-2020 дар баробари ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ будан, ба ҳайси ҷонишини декан оид ба тарбия (2017-2018), ҷонишини декан оид ба таълим (2018-2019), мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 2-юми факултети биология (2019) фаъолият дошт.

Аз соли 2020 то ба ҳол ба сифати муаллими калони кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология ва ҳамзамон мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 1-уми факултети тиббии ДМТ фаъолият дорад.

Дар тӯли фаъолияти корӣ аъзои Шӯро олимони факултети биология ва тиббӣ, аъзои Шӯрои илмӣ-методии факултетҳои мазкур ва Раиси Шӯрои олимони ҷавони факултети биологияро (2015-2017) ба зима дошт.

Дар давоми фаъолияти корияш миқдори зиёди донишҷӯён таҳти роҳбариаш корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатми хешро бо баҳои хубу аъло дифоъ намудаанд.

Соли 2013 ба ҳайси унвонҷӯи факултети биология қабул гардида, 12 октябри соли 2019 рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифо намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ ноил гаштааст.

Дар ин муддат 43 мақола ва  фишурда дар маҷаллаҳои илми ҷумҳурӣ ва берун аз он нашр намуда, муаллифи 1-монография, 2-дастури таълимӣ ва дорои 1 нахустпатент мебошад. Сайдализода С.Ф. дар корҳои ҷамъиятии кафедра‚ факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Иштироки фаъолонаи Ӯро ба назар гирифта, бо ифтихорномаи  ДМТ (2012), ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), сипосномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроя дар ноҳияи Шоҳмансур (2022), сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2022) сарфароз гардидааст.

Самариддини Ҷурахон соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2009 ба  факултети биология ихтисоси фарматсевтӣ Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дохил шуда,  онро соли 2014 бо ихтисосси “фарматсевтӣ”, хатм намудааст. Солҳои  2014-2019  дар кафедраи технологияи ва биотехнологияи фарматсевтии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон  ба ҳайси ассистенти кафедра соли 2019-2020 ба ҳайси муалими калони кафедра, соли 2020-2021ба ҳайси мутахасисси пешбари Хадамоти назорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021-2022 муалими калони кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология, аз моҳи октябри соли 2022 дар вазифаи мушовири академӣ, эдвайзери дараҷаи дуюм дар факултети тиббии Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва ҳамзамон ассистенти кафедраи фалсафаи ДМТ   фаъолият дорад.

Ҷивонова Умеда Аъзамшоевна соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2006 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №92 шаҳри Душанберо хатм намуда ба факултети физика танзимгари шӯбаи рӯзона ба кор қабул шадам ва соли 2008 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2013 бо ихтисоси «Информатика” хатм намудааст. Соли 2013-2016 ба бонки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба ҳайси котиби коргузор кор ва фаъолият намудам. Аз моҳи декабри соли 2019 дар вазифаи мушовири академи Эдвайзери дараҷаи дуюм дар факултети тиббии Донишгоҳи милли Тоҷикистон фаъолият дорам.

Расулова Лутфия Раҳимовна соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1989 ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси «филолог. Муаллими забон адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ” ва соли 2004 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 бо ихтисоси “молия ва қарз. Молияшинос” хатм намудааст. Солҳои 1986-1989 дар кафедраи форсии ДДМТ ба ҳайси лаборанти кафедра, солҳои 1994-1997 ба ҳайси мудири кабинети кафедраи форсӣ ва ҳамзамон ассистенти кафедраи мазкур, солҳои 1999-2003 дар мактаби амният, солҳои 2003-2010 ба ҳайси мудири кабинети фалсафа, солҳои 2010-2022 ба ҳайси сармутахассиси раёсати таълим адои вазифа намуда, аз моҳи октябри соли 2022 дар вазифаи мушовири академӣ, эдвайзери дараҷаи дуюм дар факултети тиббии Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва ҳамзамон ассистенти кафедраи фалсафаи ДМТ фаъолият дорад.

Неъматова Насиба Хушвахтовна соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2007 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №01 ноҳияи Файзободро хатм намуда, худи хамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи иктисод ва идора бо ихтисоси “Иқтисодчӣ” дохил шуда ва онро соли 2012 хатм намудам. Аз соли 2009-2012 ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи файзобод ба ҳайси мутахассиси пешбар фаъолият кардаам. Аз Соли 2013 дар вазифаи мушовири академи Эдвайзери дараҷаи дуюм дар факултети тиббии Донишгоҳи милли Тоҷикистон фаъолият дорам.