Стоматология

Кафедраи стоматологияи факултети тиббӣ моҳи сентябри соли 2021 таъсис шудааст. Аввалин мудири кафедраи стоматология н.и.т. Эгамова Шаҳноза Баҳридиновна.

Фаъолияти илмӣ

Кафедра дар давоми ду соли фаъолияти худ кори илмӣ дар мавзӯъи «Баҳодиҳии дараҷаи паҳншавӣ ва пешгирии нуқсонҳои ҷоғу рӯй дар байни кудакон ва наврасон” кор бурда истодааст. Дар иҷроиши кори илмии кафедра тамоми омӯзгорони кафедра ва ҳамкорони кафедра, ки дар базаҳои стоматологӣ кору фаъолият менамоянд бо якҷоягӣ таҳлил гузаронида мешавад. Аз ҷониби коргарон таҳлили адабиётҳо, навиштани муқаддимаи кори илмӣ ба анҷом расидааст. Дар охири соли таҳсил омӯзгорон бо ҳамроҳии донишҷӯёни ихтисоси дандонпизишк ба ҷамъоварии маълумотҳо шурӯъ менамоянд. Барои ҷамъоварӣ ду муассисаи томактабӣ ва ду муасиссаи мактабии ш. Душанбе ҷалб карда мешаванд. Барои ин ҷамъоварии мавод тамоми маводҳои стоматологӣ (асбобҳои ташхисии стоматологии яккарата, картаҳои тиббии стоматологӣ, маводҳои канселярӣ, маводҳои антисептикӣ ва ғ.) омода карда мешавад. Аз рӯи мавзӯъи илмии кафедра ду мақолаи илмӣ оиди Эпидемиологияи нуқсонҳои мавзеи ҷоғу рӯй ба чоп расидааст.

Фанҳои таълимӣ:

Дар кафедра фанҳои зерин «Пропедевтикаи стоматологияи муолиҷавӣ», «Пропедевтикаи стоматологияи ҷарроҳӣ», «Пешгирии бемориҳои стоматологӣ», «Стоматологияи муолиҷавӣ», «Масолеҳшиносӣ», «Ҷарроҳии ҷоғу рӯй», «Стоматологияи ортопедӣ», «Стоматологияи ҷарроҳӣ», «Стоматологияи кудакона» ва «Ортодонтия» омӯзгорон дарс мегузаранд.

 Фанҳои тахасусӣ:

  • «Стоматологияи ортопедӣ»
  • «Стоматологияи муолиҷавӣ»
  • «Стоматологияи ҷарроҳӣ»
  • «Стоматологияи кудакона»

Аъзоёни кафедра

Дар солҳои 2022-2023 дар кафедра 3-нафар устодони штатӣ ва 9 нафар устодони ҳамкор сарбории кафедраро иҷро менамоянд. Ҳоло устодони штатии кафедра шахсони зерин мебошанд:

1.Эгамова Шаҳноза Баҳридиновна – номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедра.

2.Ҳомидова Туфаниссо Маруфовна- номзади илмҳои тиб, дотсент.

3.Қодирова Дилбар Рустамҷоновна- ассистент

 Маводҳои таълимии кафедра

 Кафедра фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории кафедра ба роҳ монда то кунун 8 маротиба ҷаласаҳои кафедра баргузор шудаанд. Дар базаҳои тиббӣ донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юм таҳсили худро идома дода истодаанд. Ҳаҷми умумии соатҳои таълимие, ки устодони кафедра дар давоми соли таҳсили 2022-2023 ба иҷро мерасонанд 4534 соатро ташкил менамояд. Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин ва такмили ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад.

 Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра аз фанҳои Пропедевтикаи стоматологияи муолиҷавӣ, Пропедевтикаи стоматологияи ҷарроҳӣ, Пешгирии бемориҳои стоматологӣ, Стоматологияи муолиҷавӣ, Масолеҳшиносӣ ва Ҷарроҳии ҷоғу рӯй барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва лексияҳо тартиб дода шудаанд. Дастурамали таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз фаннӣ Стоматологияи ҷарроҳӣ “Лимфаденити минтақаи ҷоғу руй дар кӯдакон”, дастурамали таълимӣ аз фаннӣ “Масолеҳшиносӣ» омодаи чоп мебошад. Дар баробари ин кафедраи стоматологӣ тасмим гирифтааст, ки охири соли ҷорӣ тафсир ба дастурамали таълимӣ аз фаннӣ “Пешгирии бемориҳои стоматологӣ” ва “Стоматологияи пропедевтикаи муолиҷавӣ” ба забони давлатӣ таҳия ба чоп намояд.

Маҳфилҳои илми кафедра

Дар давоми соли хониши 2022-2023 аз ҷониби кафедраи стоматология ду махфили илмиву оммавӣ ва конфронсҳо бо омӯзгорони факултети тиббӣ бо ҷалби донишҷӯёни ихтисоси дандонпизишк гузаронида шуд.

Дар санаи 10.10.2022 маҳфил дар мавзӯи “Муаммоҳо оиди паҳншавии кариес дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ” гузаронида шуд. Дар санаи 11.11.2022 маҳфили ҶИД дар мавзӯи “Оиди гигиенаи даҳон, усул ва воситаҳои гигиенӣ” гузаронида шуд.

 Дар санаи 01.12.2022, ки рузи байналмилаии мубориза бар зидди ВМНО мебошад, маҳфил ташкил карда шуд, ки дар он, муовини декан оид ба таълим н.и.б., Сайвализода С., мудири кафедра дотсент Эгамова Ш.Б., дотсент Ҳомидова Т.М., омӯзгорон Қодирова Д.Р., Маҷидов Ш., Саъдуллоев С., донишҷӯёни факултет ва аъзоёни ҶИД иштирок намуданд. Дар оғози маҳфил намоиши филм оиди сироятёбии бемории ВНМО ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

 Дар санаи 03.12.2022 маҳфили ҶИД дар мавзӯи “Ваъзъи ҳозираи паҳншавии бемории ғайрикариеси” гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок мекунанд.

Дар санаи 18.02.2023 маҳфили “Масъалаҳои мубрами диспанзеризатсияи аҳолӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ Шералиев М.Н., муовини декан оид ба таълим н.и.б. Сайвализода С., мудири кафедра дотсент Эгамова Ш.Б., ассистентон Қодирова Д.Р., Маҷидов Ш., Саъдуллоев Ш. ва донишҷӯени ихтисоси стоматология бо аъзоёни ҷид иштирок намуданд.

Дар нимсолаи соли таҳсили 2022-2023 ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра фаъолияти худро бо натиҷаҳои назаррас амалӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки 20 нафар донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавии иштирок намуда, дониш ва малакаҳои худро оиди гузаронидани корҳои тадқиқотӣ баланд бардоштанд. Дар давоми нимсолаи хониш 3 ҷамъомади илмӣ ва 1 маҳфил гузаронида шуд, ки дар он малакаҳои баҳси илмӣ ва асоснок намудани нуқтаи назари худ сайқал дода шуданд.

Бо фармоиши декани факултет мудири кафедра дотсент Эгамова Ш.Б. ва дотсенти кафедра Ҳомидова Т.М., зиёда аз 3 баромадҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ оиди мавзӯҳои гуногуни тиббӣ амалӣ намуданд.

Корҳои тарбиявӣ

Яке аз бахшҳои муҳими кафедраро ҳаёти тарбиявӣ ташкил медиҳад. Айни замон омӯзгорони кафедра ба ҳайси сарпарасти гуруҳҳо фаъолият карда истодаанд. Устодони кафедра дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии факултет ва донишгоҳ ширкати фаъолона менамоянд. Омӯзгорони кафедра сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои тарбияи мутахассисони арзанда, ҷавонони меҳанпарасту донишманд ва ҳисси баланди миллатдошта пайгирона фаъолият менамоянд.

Эгамова Шаҳноза Баҳридиновна

Мансаб: мудири кафедраи стоматология

Унвони илмӣ: н.и.т.

Дараҷаи илмӣ: дотсент

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол:

Маълумот: 1998-2003 ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи « Хусусиятҳои клиникии ҷараёнӣ кариеси дандонҳо ва бемориҳои пародонтӣ ҳангоми дерматозҳо»

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Фаъолияти омӯзгорӣ аз соли 2014

Санаи таваллуд: 15.11.1982

Ҳомидова Туфаниссо Маруфовна

Таҳсилот олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси дандонпизишк хатм кардааст.

Унвони илмӣ н.и.т.

Мукофотҳои соҳавӣ: Ифтихорномаи Тандурустӣ (2012) ва Аълочии Тандурустӣ (2018)

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ::

1993-2004 Поликлиникаи н Хисор, духтури стоматолог.

2004-2009 ДМТ ассистенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ.

2009-2014 ДМТ факултети тиббию-фармасевтӣ, ассистенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ ва муовини декан оид ба тарбия.

2015-2018 ДМТ, факултети тиббӣ, муовини декан оид ба таълим ва муалими калони кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ.

Аз 2018 то 2021 ДМТ, факултети тиббӣ, и.в.мудири кафедраи эпидемиология ва мудофиаи гражданӣ

2021 то 2022 ш.Қазон Республика Татористон духтури стоматолог ва корманди тиббӣ дар «Метроэлектротранс»

Аз сентябри соли 2022 то ҳол ДМТ, факултети тиббӣ, дотсенти кафедраи стоматология

Санаи таваллул 28.11.1970

Қодирова Дилбар Рустамовна

Мансаб: омузгори кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол:

Донишгоҳ: ДДТТ ба номи Абуалӣ Ибни Сино (2013-2018), факултети стоматология

Ҷойи кор: ДМТ лаборанти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ (2018-2019)

Санаи таваллул: 08 феврали 1996