Кафедраи микробиология ва вирусология фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи кафедра, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳамзамон қарорҳои Шӯрои олимон ва садорати факултет, дастуру фармоишҳои садорати факултет, нақша-чорабиниҳои факултетро ба роҳбарӣ мегирад. Дар давраи фаъолияти навтаъсиси худ (аз санаи 30 сентябри соли 2021 ) кафедра дар бахшҳои таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳо корҳои муайянеро ба сомон расондааст.
Кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббӣ аз 30 сентябри соли 2021 дар заминаи кафедраи тахассусии “Ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ” таъсис дода шуд. Аз моҳи сентябри соли 2022 н.и.т. Бозорова Рухшона дар вазифаи мудири кафедра таъин шуда, то ҳол мудирии кафедраро ба уҳда доранд.
- Фаъолияти таълимӣ
Дар кафедраи микробиология ва вирусология аз фанҳои микробиология ва мирусологияи умумӣ, микробиология ва вирусологияи ҷузъи ва аз фанни микробиология ва вирусология бо асосҳои паразитология дар факултети тиббӣ ва фарматсевтӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар ихтисосҳои кори тибби ташхисӣ- 79010400, кори табобатӣ- 79010100, дандонпизишк-79010700 ва 79010800 – фарматсевтӣ таълим дода мешавад.
Фанҳои таълимӣ:
- Микробиология ва вирусологияи умумӣ
- Микробиология ва вирусологияи ҷузъӣ
- Микробиология ва вирусология бо асосҳои паразитология
Ҳайати устодони кафедра
Бозорова Рухшона Сайфуддиновна – аз моҳи сентябри соли 2021 дар вазифаи мудири кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Санаи таваллуд 02.05.1979
Таҳсилот олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Синоро хатм кардааст
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) номзади илмҳои тиббӣ, дотсент
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1985-1995 Мактаби миёнаи №1 ноҳияи Муминобод
Солҳои1997-2003 Донишҷӯи факултети умумитиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2003-2005 Магистери кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДПИТАГ ва П – и ш. Душанбе
Солҳои 2005-2009 Мудири танзими оила ва мудири шуъбаи таваллудхона ва касалиҳои занонаи Беморхонаи Марказии нохияи Муминобод.
Солҳои 2009-2012 Унвонҷӯи кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДПИТАГ ва П – и ш. Душанбе
Солҳои 2011-2016 Табиби акушер – гинеколог, функсионалист дар маркази тиббии «Насл»
Соли 2016-2018 Мудири шуъбаи баъди таваллуди дар бахши таваллудхонаи МДМТ «Истиклол» ш. Душанбе
Солҳои 2018-2019 Ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДПИТАГ ва П – и ш. Душанбе
Солҳои 2020-2021 Ассистенти кафедраи «ТФЛК»-и факултети тиббии ДМТ.
Аз моҳи сентиябри соли 2021 то ҳол мудири кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ
Холмуродова Зебогуль Абдулхайровна – аз моҳи сентябри соли 2021 дар вазифаи муаллимаи калони кафедра дар кафедраи микробиологя ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Соли таваллуд 11.10.1964
Таҳсилот олӣ. Соли 1990 Донишгоҳи Давтатии Тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино хатм кардааст
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) надорад
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1981-1983 Котиби РПНО «Тиҷикселхозхимия»
Солҳои 1983-1990 Донишҷӯи Донишгоҳи Давтатии Тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино, духтури кудакон
Солҳои 1990-1991 Духтур-инткрнаи беморхонаи клиники ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе
Солҳои 1991-1992 Духтури кӯдакон дар дармонгоҳи кӯдаконаи №10 ш. Душанбе
Солҳои 1992-2012 Ассистенти кафедраи микробиология,иммунология ва вирусологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Солҳои 2012-2013 Координатори лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятӣ- хайриявии «Ориён»
Аз моҳи сентиябри соли 2021 то ҳол Муаллимаи калони кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ
Алиева Сайёра Давлатовна – аз моҳи январи соли 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Соли таваллуд 27.10.1984
Таҳсилот олӣ. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Синоро хатм кардааст
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ): унвончуи МДПИТАГваП.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои2000-2005 Донишҷӯи факултети умумитиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2005-2008 Магистри кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДПИТАГ ва П – и ш. Душанбе
Солҳои 2008-2009 Духтури амрози занона, шуъбаи таваллудхона ва касалиҳои занонаи Беморхонаи Марказии нохияи Рашт.
Солҳои 2009-2014 Унвонҷӯи кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДПИТАГ ва П – и ш. Душанбе
Солҳои 2021-2022 Табиби акушер – гинеколог, функсионалист дар маркази тиббии «Насл»
Аз моҳи январи соли 2022 то ҳол ассистенти кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ
Мастонова Лола Юсуфҷоновна – аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи микробиологя ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Соли таваллуд 17.07.1993
Таҳсилот олӣ. Соли 2015 Донишгоҳи Милли Точикистонро хатм кардааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1999-2010 Муасисаи умумии литсейи №55 нохияи Шоҳмансур ш.Душанбе
Солҳои 2010-2015 Донишҷӯи факултети тиббию фармасевти ДМТ
Солҳои 2015-2016 Ассистенти кафедраи «ТФЛК»-и факултети тиббии ДМТ
Солҳои 2016-2017 Интернатураи ДТБКСТҶТ
Солҳои 2020-2021 Лаборанти кафедраи Микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ.
Аз моҳи январи соли 2022 то ҳол ассистенти кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббии ДМТ
Оид ба дастовардҳои кафедра
ҲИСОБОТ
Оид ба фаъолияти кафедраи микробиология ва вирусологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023
Муқаддима
Дар солҳои 2022-2023 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро комилан пурра иҷро карда истода, дар самти илм, доир ба мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедра тибқи нақша гузаронида ва аз натиҷаҳои он дар маҷалаҳои мухталифи ватанӣ ва хориҷӣ мақолаҳои илмӣ нашр карда истодааст. Ҳамзамон устодон ва кормандони кафедра дар соли ҳисоботӣ дар самтҳои гуногун оиди дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ амал намуда, дар иҷрои онҳо саҳми худро гузошта истодаанд. Бо мақсади таъмини самаранокии кору фаъолияти кафедра, аъзоёни кафедра бо роҳбарии мудири кафедра Бозорова Рухшона Сайфуддиновна баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», бо назардошти талаботи ҷомеъа ва илми муосир корҳои зиёдеро доир ба ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ва амалкор, пурзӯр гардонидани иштироки байниҳамдигарии устодон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои кушод ва намунавӣ бо иштироки устодони собиқадор ва пуртаҷриба, мизҳои мудаввар ва семинарҳои доимиамалкунанда доир ба ҷанбаҳои мухталифи илму таълим амал карда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки соли ҳисоботии кафедра ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати таълимӣ хеле назаррас буда, дар умум ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Аъзоёни кафедра
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 5 нафар устодони штатӣ ва 5 нафар устодони ҳамкор (соатбай) сарбории кафедраро иҷро намуда истодаанд. Ҳоло устодони асосии кафедра шахсони зерин мебошанд.
- Бозорова Рухшона Сайфуддиновна – номзади илмҳои тиббӣ, мудири кафедра;
- Холмуродова Зебогуль Абдулхайровна – муаллими калони кафедра;
- Алиева Сайёра Давлатовна – ассистенти кафедра
- Мастонова Лола Юсуфҷоновна – ассистенти кафедра
Корҳои тарбиявӣ
Устодони кафедраи микробиология ва вирусологияи факултети тиббӣ дар баробари иҷрои сарбории таълимии худ боз ба тарбияи донишҷӯён саҳми хеле бузург доранд. Ба ҳар устоди кафедра гуруҳҳои академӣ вобаста карда шудааст, ки устодон дар онҳо ҳамчун сарпараст ҳафтае як маротиба машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида, барои самаранокии кору фаъолияти онҳо тавсияҳои мухталиф медиҳанд.