Дар қарни таърих ниёгони мо ҷашнҳои гуногуни худро доштанд, ки марбут ба тағйирёбии солонаи астрономӣ ба шумор мерафт. Ба ин ҷашнҳо Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргонро метавон маҳсуб донист, ки заминаи пайдоиши беш аз панҷ ҳазор сола доранд. Таҷлили ин ҷашнҳо дар қаъри таърих гувоҳи қадимӣ будани мардумӣ ориёӣ мебошад. Сарчашмаҳои гуногуне мавҷуданд, ки дар оини зардуштӣ ва дар китоби муқаддаси “Авесто” махсусан дар “Готҳо” (қадимтарин қисмати Авесто) ин ҷашнҳо ёдовар гардидаанд. Сада оғози фасли гармо ва саршавии меҳнати деҳқонон (фасли зимистон) буда, Наврӯз аз баробаршавии шабу рӯз ва пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот (фасли баҳор) дарак медиҳад. Меҳргон ҷашнест аз бардоштани ҳосили кишти деҳқон ва анҷом ёфтани корҳои кишоварзӣ (фасли тирамоҳ) ва Тиргон бошад бо амалҳои гуногун аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру бод” ва ғайра (фасли тобистон), ки марбут ба фасли гармо аст, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Яъне ҷашнҳои зикргардида фаслҳои гуногуни солро дар бар мегиранд ва аз кишвари офтобрӯя будани ин сарзамин дарак медиҳанд. Сарчашмаи асосии ин ҷашнҳо оини зардуштия буда, то андозае оини дунёшиносӣ ва кайҳоншиносӣ будани онро, ки бешак заминаи астрономӣ дорад, дар бар мегирад. Боиси зикри хос аст, ки мардуми равшанзамиру фарҳангсолори мо ҳанӯз дар давраҳои қадим аз чунин тағйирёбиҳои астрономӣ огаҳ буданду бо донишу заковати хеш ҷашнҳои хоси табиии миллиро ифшо намуданд ва барои насли минбаъда ба мерос гузоштанд.
Чи тавре, дар боло зикр гардид Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёинажод буда, рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман ҷашн гирифта мешавад. Ин шаби 30 ва аввали 31-уми моҳи январи солшумории григорианиро дар бар мегирад. Бинобар сабабе, ки аз даҳуми баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд, зеро ниёгони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.
Таҷлили ҷашни Сада дар китоби “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ оварда шудааст. Мувофиқи ривояти “Шоҳнома”, Ҳушанг ба ин ҷашн асос гузоштааст. Ӯ ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд ва Ҳушанг сӯйи он мор санг меандозад. Санг бар сари санги дигаре бархӯрда, аз он шарора меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Ҳамин тариқ, одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, хурсанди мекарданд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Пешгузаштагони мо ин рӯзро ҷашн гирифта, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд.
Инчунин оиди пайдоиши истилоҳи “Сада” назарҳои гуногуне мавҷуданд. Мувофиқи маълумотҳои таърихнигорон истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”, ки дар китоби Авесто оварда шудааст, гирифта шуда, маънои пайдоиш ва ташаккули ҳақиқатро дорад. Яъне пайдоиши рӯшноӣ ва гармӣ.
Ҳамин тариқ, дар осори гаронбаҳои ниёгони мо, аз ҷумла Фирдавсиву Рудакӣ, Дақиқиву Азрақии Ҳиравӣ, Унсурии Балхиву Манучеҳри Дамғонӣ ва даҳҳо тан аз бузургони ин миллати тамаддунофар баргузории ҷашни “Сада” ёд гардидааст. Вале бо гузашти замон, баъди асрҳои дувоздаҳ ин ҷашн шукуҳу шаҳомати худро то андозае гум карда буд.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сӯлҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн ҳанӯз аз соли 2017 аз нав эҳё гардида, мақому манзалати хоса пайдо намуд. Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиду эҳёи суннатҳои ин ҷашни миллии ниёгон чунин ибрози андеша намуданд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем”.
Сада ҷашнест аз ободкорию меҳнатқаринӣ, омодаги ба фасли баҳор (Наврӯз), оғози кишту кор, шодмонию хурсандӣ ҷиҳати баромадан аз фасли зимистон ва тозаву озода гардонидани либосу лавозимотҳои корӣ мебошад. Ин ҷашн пурра суннатҳои ниёгони моро дар пай дорад, ки айни ҳол дар ҳар гӯшаи ин диёри зебоманзар таҷлил карда мешавад. Ҳамин тариқ, моро месазад, ки дар қатори дигар бузургони ин миллат такя ба оини ниёгони хеш намуда, дар оммавӣ гардонии ҷашнҳои қадимаи худ, бахусус ҷашни Сада ҳиссаи арзишманди худро гузорем.
Ҷашни Ҳушанг омад, ҷашни Сада муборак,
Бо тору чанг омад, ҷашни Сада муборак!
Пайки баҳору Наврӯз, бо чеҳраи дилафрӯз,
Хушобуранг омад, ҷашни Сада муборак!
Бар хонаи туву ман, файзе зи моҳи Баҳман,
Бас шуху шанг омад, ҷашни Сада муборак!
Абдурасул Самадов,мушовири академӣ дар факултети тиббии ДМТ