ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РОҲҲОИ ТАҲКИМИ ОН

102

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистони тозаистиқлол пайванди ногусастанӣ бахшид. Истиқлол – Тоҷикистон ва миллати азалии тамаддунофару фарҳангсолори тоҷиконро сарбаланди олам сохт. Маҳз ватани азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ, тафаккури андешаи миллӣ ва шуҷоату матонати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қайду банди рӯзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашт, рушд кард ва ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуда, пояи давлатдориро мустаҳкамтар намуда ба ҷаҳониён миллати таърихи будани тоҷиконро нишон дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Зиёда аз 191 давлатҳои хориҷи Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кардаанд. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд. Дар ҷаҳон зиёда аз 2000 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Аммо 250 тои онҳо соҳиби давлат шудаанд.

Тоҷикистон дап даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Дастоварди дигар ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар навбати худ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқи низ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо барои беҳтар кардани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии халқ мусоидат кардаанд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 17 майи соли 2004 №1004; Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” аз 20 июни соли 2024 №2048 ба ҳисоб меравад. Инчунин 30 сентябри соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисоди.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерин барои 15 соли минбаъда муайян шудаанд:1. Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;2. Раҳой аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзити;3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар самти боло бурдани волоияти конун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, таъмини амният, бунёди иншооти таъиноти гуногун, роҳсозӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф, таъсиси коргоҳҳо, эҳёи расму суннатҳои мардумӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, боло бурдани иқтисоди хонаводагӣ ва ғайра корҳои басо назаррас анҷом дода шуданд, ки дар робита ба ин борҳо изҳори назар шудаву мо дар ин навиштаи хеш такрори онро муносиб надонистем. Агар аз рӯйи инсоф қазоват кунем, аз даврони соҳибистиқлолии мо даҳ соли аввали он бо нооромӣ гузашт ва тамоми дастовардҳои беназир дар самтҳои мухталиф дар ҳамин бисту як соли охир муяссарамон гардидаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама ҷаҳду талош дар умури давлатдорӣ дар сурати поянда будани оромиву осоиштагӣ ва соҳибистқлолӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бидуни муболиға, дар ин муддати кӯтоҳ, яъне сию панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ мо бузургтарин корҳоро анҷом додем. Ин аз хиради воло ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат дар асари безаволи худ, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” мефармоянд: “Гарчанде Ватани азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба андозаи як рег аст, аммо дар пушти худ як таъриху фарҳанги бисёр бузургро дорост, ки таърифашро қалам барои таърифу тавсиф кардан оҷизӣ мекашад”… Пас дарки масъулияти Ватандӯстдорӣ ва эҳтироми самимонаи Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як фарди кишвар шарти асосии зиндагонӣ бояд бошад. Тамоми заҳмату талоши давлат барои халқ аст.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

Мурод ҲУСЕЙНОВ–устоди факултети тиббии ДМТ