9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро расман эълон кард ва бо ин, саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистони азиз соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озодааст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимои ларзон ва нопойдор хохад буд. Инак, Истиқлолияти давлатии мо 31- умин соли ҳаёти худро оғоз кард.
Кишвари мо дар даҳҳаи аввали сохибистиклолӣ мушкилоти зиёдеро пушти сар кард, аммо бо паси сар кардани ҷанги тахмилию оқибатҳои он дар заминаи пойдори ваҳдати миллӣ ва қабулу амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ба як кишвари неруманд табдил ёфт. Тоҷикистони азизи мо дар давоми 31 соли истиқлолият ба комёбихои хубе даст ёфт. Агарчи панҷ сол ҷанги таҳмили Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати асосан ободгари мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар санаи 27-уми июни соли 1997 роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифта, рӯз то рӯз ба сӯи пирӯзиҳо пеш меравад.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳони назари хосси худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин ва ё он масоил ба миён мегузорад. Акнун хеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Кишвари мо бо аксар мамолики олам робитаи дӯсти дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити хамсоядорӣ ба роҳ мемонад. Акнун аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад, ки ҳамаи ин 31 сол пеш афсона менамуд. Ҷашни Истиқлол, дар хақиқат тоҷи сари ҳамаи ҷашнҳост. Зеро агар истиқлол набошад, дигар ҷашнҳо мафҳум ва маънои худро гум мекунанд. Истиқлол ба мо имкон медиҳад, ки масири сарнавишти худро худ муайян кунем, вобастаи касе набошем ва худ тасмим бигирем, ки бо кадом кишвар чи гуна робитае барқарор созем. Вале, дар баробари ин, мутаассифона, маъно ва мафҳуми истиқлол ханӯз дар афкори баъзе ҳамватанони мо ҷойгоҳи воқеии худро пайдо накарда аст. Онҳо ҳама чизро фақат бар рӯи тарозӯи иқтисод ва моддиёт ниҳода арзиш ва аҳамияти Истиқлолро камранг ҷилва медиҳанд. Вале оё мумкин аст, ки чунин неъмати бузурге бо номи Истиқлолро таҳти сояи мушкилоти ҷории зиндагӣ қарор диҳем?! Хоҳем-нахоҳем, истиқлолият дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодиро ба ҳамроҳ дорад, ки бояд онро сипарӣ намоем ва ин хосси миллати мо набуда, ҳамаи миллатҳо аз ин пайроҳа гузааштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд. Чунин мушкилот қариб дар ҳама кишварҳои Шуравии собиқ вуҷуд дорад ва агар инро ба назар гирем, ки мо боз як ҷанги панҷсоларо аз сар гузарондем, он гоҳ мебинем, ки пешрафтҳои имрӯзаи мо аз дигар ҳамсоягонамон камтар набуда, балки дар хеле мавридҳо бештар ҳам ҳаст. Хуб мешуд, вақте даҳ бор мегӯем, ки «Истиқлол ба мо чи дод?», як бор ҳам аз худ бипурсем, ки «ҳар кадоми мо ба истиқлол чӣ додем ва барои Ватан чӣ кардем?». Он гоҳ неъмати истиқлолро беҳтару бештар дарк хоҳем кард. Пӯшида нест, ки даҳаи аввали истиқлол дар кишвари мо, асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз кардааст ва дар ин сиёсати «Дарҳои боз» кишвар ё минтақаи мамнӯъе вуҷуд надорад. Ин аст, ки имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳоро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мантиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва ҳатто қобили пайравӣ низ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо натанҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатия худ, дар ҳалли масоили минтақаи ва ҷаҳони ҳам фаъолона иштирок намояд, ки ин хосси кишварҳои дар ҳоли рушд ва тақозои насли даврони истиқлол аст. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз дармеёбем, ки дар ҳақиқат тайи солҳои истиқлол қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукӯфоии кишвар гузошта шудааст.
Дар тули 31 сол тарҳҳои бузурге ба мисоли 4 ҳадафи стратегӣ ба марҳилаи иҷро расидаанд, ки дар замони Шуравӣ касе дар бораашон фикр намекард. Пас, хуб мешуд, ки бо шукургузорӣ аз истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамон, барои ободи бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлолдӯстиро дар афкори ҷомеа тақвият намоем.
Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлолият аз они ҳамаи мардум аст ва ҳифзи он ҳам на фақат вазифаи ҳукумат, балки вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Истиқлолият моя ва пояи пешрафту шукуфоии ҳамаи мардум аст ва ҳифзи он ҳам на фақат вазифаи ҳукумат, балки вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстиро дар рӯху равони ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонони кишвар реша гирад. Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва дину мазҳаб, худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем.
Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф, декани факултети тиббии ДМТ, профессор