ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

11

Донишҷӯи курси 5 ихтисоси кори табобатии факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ Рӯзибоев Акобир Абдуллоҷонович, ки дар доираи барномаи табодули академӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон таҳсил дорад, дар Конференсияи байналмилалии донишҷӯён таҳти унвони “Ташхис ва табобати бемориҳои ятим: мушкилот ва дастовардҳо” (бахшида ба Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир) маърӯза намуда, соҳиби сертификат гардид.