ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

25

Аз 25 то 26 апрели соли 2025 дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами стоматологӣ” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ олимон, мутахассисон ва донишмандони соҳаи стоматология аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар кори конференсияи мазкур мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Шахноза Баҳриддиновна Эгамова, инчунин донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси стоматология Зайнуллоев Д.М. иштирок намуданд. Онҳо бо маърӯзаи илмӣ таҳти мавзӯи марбут ба самтҳои муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои стоматологӣ баромад карданд, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.

Иштироки намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо имкони муаррифии дастовардҳои илмии ватаниро фароҳам меорад, балки шароити муносиб барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи навовариҳо дар амалияи стоматологӣ низ муҳайё месозад.