
Дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, шарикони рушд, ҳайати Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, ҳамоҳангсозони минтақавӣ ва мутахассисони соҳавӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ номзади илми тиб, досенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдуллаева Марифат бо маърузаи илмӣ таҳти унвони “Маъракаи тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ вобаста ба инкишоф ва рушди кӯдакон” баромад намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ донишҷӯёни факултети тиббии ДМТ ҳамчун ихтиёрмандон таҳти роҳбарии устод Расулов Ё. фаъолона иштирок карданд.