Имрӯз (06.01.2024) дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” бо ибтикори ректори ДМТ дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва Ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраи стоматологияи ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳи нави таълимӣ ва синфхонаи камераҳои назоратӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар боздид аз синфхонаю озмоишгоҳои нави таълимӣ ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Озмоишгоҳи мазкур 6 адад дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стаматологии ширкати “Apple”, мизи кории табибон, ҷевон барои доруҳо ва ҳуҷҷатҳо, дастгоҳи визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, дасгоҳи скалери ултрасадоӣ ва аэрофло барои тозакунӣ ва сафедкунии дандонҳо, дастгоҳҳои эндомотор ва микроматор барои пармакунии дандонҳо, дастгоҳи апекслокатор барои чен кардани дарозии дандон мавҷуд аст.
Дар Ҳуҷраи безараргардонӣ дастгоҳҳои автоклав барои безараргардонии асбобҳои стоматологӣ, ҷевони безараргардонии барқӣ, дистилятор ва дастгоҳ барои тоза кардан ва молидани равған ба пайканакҳои дастгоҳи стаматологӣ ва ғ. ҷойгир шудааст.
Дар Ҳуҷраҳои безараргардонӣ ва Озмоишгоҳои таълимию табобатӣ тамоми намуди асбобҳои стаматологӣ барои табобати бемориҳои бофтаҳо сохти дандонҳо ва пардаи луобии даҳон омода карда шудааст. Дар ҷевон доруҳо барои табобат, масолеҳ барои пломбакунии дандонҳо ва дигар намуди асосбҳо барои гузаронидани дарсҳои амалӣ омода шудааст.
Баъд аз ифтитоҳи марказҳои мазкур ректори донишгоҳ дар вохӯрт бо устодону кормандони факултети тиббӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти синфхонаву озмоишгоҳ ва иҷрои корҳои илмӣ-таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти онҳоро назаррас ба роҳ монанд.
Синфхонаҳои таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва Ҳуҷраи безараргардонӣ барои муҳассилини ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ имконияти бештар омӯхтанро фароҳам месозад.