Имрӯз (14.12.2023) дар асоси нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” барои соли таҳсили 2023-2024 ҳамзамон, ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни факултети тиббӣ ихтисоси дандонпизишк хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ устоди факултети таърих н.и.т., мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих Тоҷиддин Ғуломов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Сайдализода Саидвалӣ н.и.б., дотсент доир ба баргузории хониши сиёсӣ ва дарси ватандӯстӣ ҳамзамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи насли наврас ақидаҳои худро иброз намуд. Зикр карда шуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор намудани дарсҳои ватандӯстӣ миёни устодону донишҷӯён иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб меёбад ва ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон раёсати донишгоҳ иқдомҳои назарасро ҳамвора роҳандозӣ менамояд.
Зимни суханронии хеш устодони соҳибтаҷриба н.и.т., Тоҷиддин Ғуломов роҷеъ ба таъриху тамадуни халқи тоҷик, ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, пос доштани арзишҳои милливу, муқаддасоти миллӣ, нақши ҷавонон дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, тафаккури солим доштани ҷавонони замони муосир суҳбатҳои судманд доир намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи суханронии хеш мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих Тоҷиддин Ғуломов доир ба таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм, дуруст дарк намудани қонуну қарорҳои ҳукумати кишвар, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, доир ба нақши ҷавонон дар муборизаҳои иттилоотӣ, дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози андеша намуданд.
Мақсад аз баргузории хонишҳои мазкур баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон буда, бо ин роҳ тарбияи миллӣ ва ҳисси ватадӯстии онҳо меафзояд. Зеро тарбияи дурусти ватандӯстии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, тақвияти зиракии сиёсӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ парвариш додани ҷавонон вазифаи асосӣ мебошад.