ХАЛҚИ ТОҶИК – МЕРОСБАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

147

(Бардошт аз иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115- солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон», дар ҳақиқат, солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон шахсиятҳои барҷастае арзи ҳасти намудаанд, ки бевоситаи ба инкишофи илму фарҳанг, пешрафти ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар нақши мондагор гузоштаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давлатӣ аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар тули ҳаёти худ бевосита ба пешрафти илму фарҳанг, таърихи гузаштаи ниёкон саҳми барҷаста гузоштааст. Бобоҷон Ғафуров дар асари таърихии худ “Тоҷикон” таърихи гузашта ва мондагори халқҳои Осиёи Марказиро ба ҳам пайванд намуда, барои дубора эҳё намудани ин мероси гаронбаҳои таърихӣ китоби мазкурро таълиф намудааст. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоии шахсиятони бузурги миллатро дар асари пурмуҳтавои хеш “Чеҳраҳои мондагор” бо тамоми муҳтавояш дарҷ намуда, нақши онҳоро дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар арзишманд касб намудааст. Бобоҷон Ғафуров дар тӯли ҳаёти худ дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ фаъолияти пурсамар намуда, дар инкишофи илму фарҳанг, таърихи башарият, баланд бардоштани ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши мондагори хешро гузоштааст. Маҳз ин чеҳраи мондагори таърихии миллати тоҷикон аллома Бобоҷон Ғафуров аз одитарин корманд, созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ кардааст. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии олим оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш роҷеъ ба шахсияти мондагори қаҳрамони халқи тоҷик иброз доштан: “Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст”. Имсол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115- солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе Симпозиуми бузурги байналмилалӣ бо иштироки олимону адибони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар “Кохи Ваҳдат” баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳаёту фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров таҳлилҳои пурмуҳтаво намуданд. Ҳамзамон зимни ҷараёни ин чорабинӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмуни ҷумҳӯриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- ро яке аз ҳадафҳои натиҷабахши Ҳукумати кишвар хонда, барои боз ҳам ҷалби бештари донишҷуёну, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва оллии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас ба масъулин дода шуд. Зимни баргузории чорабинии сатҳи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд: “Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.

Изатуллоев А. – устоди факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Маҳмадуллозода Х. М. – муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети тиббӣ