Мутобиқи банди 118-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 33,53-и «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба сохтори Донишгоҳ тағйирот дар бораи таъсиси факултет аз 01.09.2015 дар заминаи факултети тиббию фарматсевтӣ факултети тиббӣ таъсис дода шуд.
Дар сохтори факултет 14 кафедраҳои тахассусӣ фаъолият мекунад:
- Кафедраи терапия
- Кафедраи ҷарроҳии 1
- Кафедраи ҷарроҳии 2
- Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ
- Кафедраи морфологӣ
- Кафедраи физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби суддӣ
- Кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ
- Ккафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ
- Кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт
- Кафедраи микробиология ва вирусология
- Кафедраи анатомия одам
- Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
- Кафедраи тибби оилавӣ
- Кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рўй
Маълумоти мухтасар дар бораи кафедраҳои факултети тиббӣ
- Кафедраи терапия – и.в. мудириро Назаров Парвиз Юсупович ба уҳда дорад. Дар кафедра 2 номзади илми тиб ва 9 ассистент фаъолият менамоянд. Ин кафедра дар заминаи МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ» ҷойгир шудааст. Дар кафедра фанҳои бемориҳои дарунӣ, таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, тибби ҳарбии саҳроӣ, кардиология, бемориҳои касбӣ, тибби ҳарбӣ, курси малакаҳои клиникӣ, асабшиносӣ омўзонида мешаванд.
- Кафедраи тибби оилавӣ вазифаи мудири кафедраро н.и.т. Қадамалиева Мунира Давляталиевна ба уҳда дорад. Дар кафедра 2 номзади илми тиб ва 6 ассистент фаъолият менамоянд. Ин кафедра дар заминаи МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Кафедра аз моҳи сентябри 2022 ба фаъолият шурўъ намудааст. Дар кафедра фанҳои тибби оилавӣ, педиатрия, таълими асосҳои бемориҳои кўдакона, тибби шарқ, токсикологияи клиникӣ, курси малакаҳои клиникӣ омўзонида мешаванд.
- Кафедраи ҷарроҳии №1- и.в. мудири кафедра д.и.т., профессор Полвонов Шукрулло Бобоевич мебошад. Дар кафедра 2 д.и.т., 3 номзади илми тиб, дотсент, 4 ассистент ва як лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои ҷарроҳии умумӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ, эндоҷарроҳӣ, садамаи омехта, офталмология, травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу руй дарс мегўянд.
- Кафедраи ҷарроҳии №2- мудири кафедра н.и.т. Юлдошев Муродали Арабович мебошад. Дар кафедра 5 номзади илми тиб ва 3 нафар ассистент кор ва фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ҷойгир аст. Дар кафедра аз фанҳои амалиёти ҷарроҳӣ бо анатомияи топографӣ, урология, ҷарроҳии кўдакона, ҷарроҳии асаб, анестезиология ва реаниматология, оториноларингология, онкология ва варзиши муолиҷавӣ дарс мегўянд.
- Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ -роҳбарии кафедраро д.и.т. профессор Рафиева Зарина Ҳамдамовна ба уҳда дорад. Дар кафедра 2 д.и.т., профессор, 2 номзади илми тиб, 3 ассистент ва як лаборант фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи Пажўҳишгоҳи акушерӣ – гинекологӣ ва перинатологии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои акушерӣ, гинекологӣ, генетикаи тиббӣ ва эндокринология дарс мегузаранд.
- Кафедраи морфологӣ-дар кафедра 2 нафар н.и.биология, 8 нафар ассистент ва як лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Мудири кафедра н.и.биол. дотсент Холбеков Аслиддин Ҷумъаевич мебошанд. Дар кафедра фанҳои физиология, ситология ва гистология омўзонида мешавад. Кафедра дар ошёнаи сеюми бинои таълимии №3А–и донишгоҳ ҷойгир шудааст.
- Кафедраи физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби суддӣ – роҳбарии ин кафедраро н.и.т., дотсент Нуралиев Маҳмадалӣ Дустмуродович ба уҳда дорад. Дар кафедра 3 н.и.т., 4 ассистент ва як лаборант фаъолият мекунанд. Ин кафедраи дар ошёнаи дуюми бинои таълимии №3А –и донишгоҳ ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои анатомияи патологӣ, физиологияи патологӣ, тибби судӣ, бемориҳои пўст ва зуҳравӣ дарс мегўянд.
- Кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ- роҳбарии кафедраро д.и.т., профессор Одинаев Ниёз Сафарович ба уҳда дорад. Дар кафедра 3 д.и.т. профессор, 2 н.и.тиб, 1 нафар омўзгори калон ва 9 ассистент кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра фанҳои эпидемиология, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кўдакона, беҳдошти умумӣ, беҳдошти иҷтимоӣ, фтизиатрия, иқтисод ва идораи тандурустӣ, беҳдошти фарматсевтӣ омўзонида мешавад. Ин кафедраи дар ошёнаи сеюми бинои хобгоҳи №3А-и донишгоҳ ҷойгир шудааст.
- Кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникии факултет дар ошёнаи дуввуми бинои таълимии №3А-и донишгоҳ ҷойгир буда, роҳбарии онро н.и.т., дотсент Каримова Олтиной Абдусаломовна ба уҳда дорад. Дар кафедра 1 н.и.т., 7 нафар ассистент ва як лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Омўзгорон аз фанҳои ташхиси лабораторӣ клиникӣ, ташхиси шуоӣ, биохимияи клиникӣ, патология, ташхиси функсионалӣ, ташхиси хун ва малакаҳои клиникӣ дарс мегўянд.
- Кафедраи анатомияи одам-дар ошёнаи якуми бинои таълимии №3А -и донишгоҳ ҷойгир буда, вазифаи мудири кафедраро номзади илми тиб Абдураҳимов Рустам Миралиевич доранд. Дар кафедра 1 нафар дотсент, 1 нафар номзади илми тиб ва 3 нафар ассистент фаъолият менамояд. Омўзгорон аз фанни анатомияи одам дарс мегўянд.
- Кафедраи микробиология ва вирусология дар ошёнаи сеюми бинои таълимии №3А-и донишгоҳ ҷойгир буда, вазифаи мудирии кафедраро н.и.т. Бозорова Рухшона Сайфуддиновна ба уҳда дорад. Дар кафедра 1 н.и.т., 1 нафар омўзгори калон ва 4 ассистент кор ва фаъолият менамоянд. Омўзгорон аз фанҳои микробиология ва вирусологияи ҷузъӣ, микробиологияи косметикӣ, микробиологияи умумии тиббӣ ва микробиология дарс мегузаранд.
- Кафедраи стоматологияи ортопедї ва љароњии љоѓу рўй– дар ошёнаи панҷуми бинои №17-и донишгоҳ ҷойгир мебошад. Мудири кафедра н.и.т. Эгамова Шаҳноза Баҳриддиновна мебошад. Дар кафедра 1 нафар н.и.т. ва 11 нафар ассистент фаъолият менамоянд. Фанҳои ҷарроҳии ҷоғу рўй, масолеҳшиносӣ, ортопедия, ортодантия дар кафедра омўзонида мешавад.
- Кафедраи стоматологияи муолиљавї– дар ошёнаи панҷуми бинои №17-и донишгоҳ ҷойгир мебошад. Мудири кафедра н.и.т. Њомидова Туњфаниссо Маруфовна мебошад. Дар кафедра 1 нафар доктори илми тиб, 1 нафар номзади илми тиб ва 10 нафар ассистент фаъолият менамоянд. Фанҳои пропедевтикаи стоматологӣ, масолеҳшиносӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар кафедра омўзонида мешавад.
- Кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт- вазифаи мудири кафедра ба зимаи н.и.ф.м. дотсент Ғафуров Сафархон гузошта шудааст. Кафедра дар ошёнаи сеюми бинои таълимии № 3 – и ДМТ ҷойгир шуда, дар ин кафедра 1 н.и.ф.м., 1 н.и.т., 1 омўзгори калон, 2 ассистент ва 1 лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра аз фанҳои асосҳои тайёрии тиббӣ, мудофиаи гражданӣ, психологияи тиббӣ, асосҳои тибби иҷтимоӣ ва таърихи тиб дарс мегўянд.
Ҳайати кадрӣ, аз ҷумла, номзади илм, доктор, профессор
омўзгорони асосӣ-124 нафар (д.и.т 8 нафар, номзади илм 29 нафар, 13 нафар унвонҷў)
омўзгорони ҳамкор- 149 нафар (д.и.т. 1 нафар. н.и.т 12 нафар)
лаборант-8 нафар
муовини декан оид ба илм-1 нафар
муовини декан оид ба тарбия-2 нафар
мушовири академӣ-9 нафар
коргузори факултет-1 нафар
Тайёр намудани мутахассисон (аз рўи ихтисосҳо) .
Дар факултет аз рўи чор ихтисос бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) донишҷўён ба таълим фаро гирифта шудаанд:
- 1-79010100- кори табобатӣ
- 1-79010400-кори тиббӣ-ташхисӣ
- 1-79010700- дандонпизишкӣ
- 1-79010200-педиатрия
Бояд қайд намоем, ки байни факултети тиббии ДМТ ва муассисаҳои тиббии дар зер овардашуда шартномаҳои дутарафа баста шуда, донишҷўён дарсҳои амалиашонро дар онҷо мегузаранд:
№ | Номи муассиса |
1 | Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии № 3-и шаҳри Душанбе» (бемориҳои сухтагӣ) |
2 | Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» |
3 | Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй» |
4 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул» |
5 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов» |
6 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ» |
7 | Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ» |
8 | Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе» |
9 | Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
10 | Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» |
11 | Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» |
12 | Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
13 | Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кўдакона» |
14 | Муассисаи давлатии Таваллудхонаи шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе |
15 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбии назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
16 | Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» |
17 | Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе |
18 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» (диспансер ш.Душанбе) |
19 | Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №2” (шаҳраки тиббӣ) |
20 | Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» (Мачитон) |
21 | ҶДММ «МТТ ТАБИБ – 2013» – шаҳри Турсунзода |
22 | Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул» |
23 | Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ-гинетикии Вазорати тандурусти ва ҲИАҶТ |
24 | Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» |
25 | Дармонгоҳи стоматологии кўдаконаи шаҳрии №1 |
26 | Маркази стоматологии ҶДММ “Ғулом – Ҷ” |
27 | Дармонгоҳи шаҳрии стоматологӣ |