БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ

4

Тавре иттилоъ додем, комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР, IAAR)) ба Донишгоҳ ташриф оварда, ҷиҳати гузаштани ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ суҳбату вохӯриҳои вижаро роҳандозӣ доранд.

Имрӯз (04.12.2025) тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ бахши ҳузури комиссия дар дарсҳо, озмоишгоҳҳо, кор бо ҳуҷҷатҳои кафедраҳо, омӯзиши визуалии инфрасохтор ва шароити таълим сурат гардид. Дар ин бахш роҳбарияти Донишгоҳ ҳамроҳ бо масъулини сохторҳои марбута ва комиссияи экспертӣ аз факултетҳои Донишгоҳ (филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои Осиё ва Аврупо, журналистика, тиббӣ, геология, механикаю математика, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ) боздид намуданд.