Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва кафили рушди ояндаи миллат дар ҳар давру замон нақши калидӣ доранд. Миллате, ки ба тарбия, донишандӯзӣ ва рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшон ва пойдор хоҳад дошт. Имрӯз, вақте ки ҷаҳон рӯ ба тағйиротҳои бениҳоят тез меорад, ҷавонон бояд бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мусаллаҳ бошанд. Онҳо на танҳо меросбардори арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллатанд, балки навоваранду пешбарандаи идеяҳои нав дар илму техника ва соҳаҳои ҳаётан муҳим низ мебошанд.
Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба фарҳанг яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Чуноне ки бобоёни мо мегуфтанд: “Дарахти имрӯз парваришёфта, сояашро фардо мебахшад.” Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик бояд дарк кунад, ки ояндаи кишвар аз имрӯз оғоз мешавад — аз донишомӯзии як ҷавон, аз илмомӯзии як духтар…
Ҷавонон, мисли субҳи нав, башорати рӯшноии фардоянд. Миллати нерӯманд аз ҷавонони бофаҳму ботарбия оғоз мегирад. Ҷавонон пояи умеди ҳар миллат ва кафили давомдори таъриху тамаддун мебошанд. Онҳо мисли шохаҳои наврустаи дарахти ҳаёти миллӣ, дар рушду тарбияи дуруст метавонанд боқои миллатро таъмин намоянд. Агар имрӯз ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон аҳамият диҳем, фардо миллате пурифтихор ва пешрафта хоҳем дошт. Миллати тоҷик, ки таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ дорад, ҳамеша ба мо насли ҷавонон бо чашми умед менигарад. Ин анъана бояд идома ёбад, зеро ояндасозӣ танҳо тавассути ҷавонони босавод, соҳибмаърифат ва боору номус имконпазир аст. Имрӯз шароити илмомӯзӣ ва рушди истеъдоди ҷавонон нисбат ба гузашта хеле васеъ шудааст. Ҳукумати кишвар низ ба рушди захираҳои инсонӣ ва махсусан дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барномаҳои давлатӣ, грантҳо, курсҳои омӯзишӣ ва шароити таҳсил дар дохилу хориҷ аз ин шаҳодат медиҳанд. Мо ҷавонон аз ин шароитҳои пурсамар оқилона истифода барем ва бояд соҳибилму соҳибҳунар шуда, барои пешрафти Ватани азизамон ҳамеша ҳиссагузор бошем.
Имрӯз дар кишвар ислоҳотҳои васеъ ба роҳ монда шудаанд, имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд ва ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин ҳама аз мо — ҷавонон, на танҳо донишандӯзӣ, балки як шахсияти фаъол ва саҳмгузори пешрафти Ватан буданро талаб мекунад. Ватан — замини муқаддас аст. Осоиштагӣ, пешрафт ва ободии он ба ҳар як фарзанди миллат вобаста мебошад. Мо — ҷавонон бояд ин масъулияти бузургро дарк намуда, дониш омӯзем, касбу ҳунар омӯзем, бо меҳнати ҳалол ба Ватани худ хизмат намоем ва шарафи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем. Чунки оянда аз мо сарчашма мегирад. Ҳар як ҷавон метавонад бо қобилият ва истеъдоди худ ба ҷомеа фоида расонад. Касе муҳандис шуда технологияҳои нав месозад, касе табиб шуда ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад, каси дигар омӯзгор шуда насли наврасро тарбия мекунад. Муҳим он аст, ки новобаста аз соҳа, мо бояд бо садоқат ва фидокорӣ ба Ватан хизмат намоем.
Суханони Пешвои миллат, ки фармудаанд: «Ҷавонон — пояи ояндаанд», ба мо неру ва илҳом мебахшанд. Барои сазовор шудан ба ин боварӣ, мо бояд босавод, интизомбахш, ватандӯст ва инсонпарвар бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем ба пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Хулоса, мо — ҷавонон бояд на танҳо ба ҳаёти шахсии худ, балки ба рушди ҷомеа ва ояндаи миллат низ андеша кунем. Ҳар рӯзро самаранок гузаронем, дониш ва малакаҳои нав омӯзем, ва бо амалҳои нек фарзандони шоистаи Ватан бошем.
Устод Муъмин Қаноат мефармояд:
Ҷавон бош, ки Ватан ба ту ниёз дорад,
Ба илму фазилат сарфароз дорад…
Мирашурова Нодира,донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси кори табобатӣ