ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ВНМО

17

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) – 1-уми декабр ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи маълумотнокии ҷавонон-донишҷӯён оид ба бемории ВНМО имрӯз (28.11.2024) бо ташаббус ва ибтикори кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шараки донишҷӯён таҳти унвони «Ҷавонон бар зидди ВНМО» бо иштироки донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи тиб чорабинии тарғиботӣ – ташвиқотӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хатари паҳншавии ин беморӣ ҷамъомадҳои судманд доир мегарданд.

Ҷамъомади донишгоҳиро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаду барномаҳои миллиро оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои гуногун ба тасвиб расондааст. Ҳадафи асосии ин гуна санаду барномаҳо таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Зимни чорабинӣ намояндагони Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ба донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки нишонаҳои ВНМО дар аввал шабеҳи зуком, аз ҷумла, вараҷа, дарди сар, дамидани доначаҳо ва дарди гулӯ ба назар мерасанд, аммо дар марҳилаи сироятӣ оҳиста – оҳиста аломатҳои варамидани ғадудҳои сафро, лоғаршавии бадан, вараҷа, исҳол, «дарунравӣ» ва сулфа ба чашм мерасанд. Давраи ноаёни ин беморӣ аз 3 то 6 моҳ давом мекунад. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО/БПНМ бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф меёбад.

Ҳамзамон, дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ Ахмедова А. оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон ба бемории сироятии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) маърӯза намуд.

Зикр карда шуд, ки мақсад аз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ бори дигар ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад.

Дар заминаи ин чорабинӣ дар Донишгоҳ виктарина миёни ширкаткунандагон ва ташхиси ихтиёрӣ – «Дармонгоҳи сайёр» ба роҳ монда шуд, ки гузаштан аз ташхис ройгон амалӣ гардонида шуд.

Дар ҷамъомад донишҷӯён оид ба бемории ВНМО рӯнамоӣ (прeзентатсия), ҳамчунин, видеоролик аз мафҳум таърихи пайдоиш, фарзияҳо роҳҳои сироят, ташхис ва табобати бемории мубталошаванда намоиш дода шуд.