ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ

5

Имрӯз (01.12.2025) дар факултети тиббии ДМТ ҳамоиши маърифати дар мавзуи “1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД)” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мушовирони академии факултет ва устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамоишро мушовири академӣ, дотсент Самадзода А.С. оғоз намуда, пасон мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, дотсент Ҳомидова Т.М., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Эгамова Ш.Б. ва ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Кароматов И. доир ба мавзуъҳои марбутбуда баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур роҳҳои пешгирӣ аз сироят ёфтан, муолиҷа ва дигар масоили вируси норасоии масъунияти одам маърӯзаҳо карда шуд. Инчунин таъкид гардид, ки ҳар як фарди ҷомеаро месазад, то саҳми арзандаи худро барои пешгирӣ аз ВНМО гузорад.