
Имрӯз (26.11.2025) дар ихтисоси стоматологияи факултети тиббии ДМТ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Аҳамияти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз раёсати Донишгоҳ, муовинони декан, устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Ҳамоишро мушовири академии дараҷаи 1-и факултети тиббӣ Самадзода А.С. ифтитоҳ намуда, сипас сардори шуъбаи тарбияи ДМТ Давлатов М. ва сардори Маркази муқовимат бо ҷинояткорӣ дар назди ДМТ, дотсент Исматзода Р. суханронӣ карданд.

Зимни баргузории чорабинӣ нақши Стратегияи мазкур дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, моҳият, мақсад ва аҳамияти он ба иштирокчиён фаҳмонида шуд. Таъкид гардид, ки коррупсия ба монанди терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуб буда, метавонад ба ҷомеа ва пояҳои давлатдории миллӣ зарари ҷиддӣ расонад.
Дар анҷоми ҳамоиш зикр карданд, ки ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст барои ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ пайваста кӯшиш намояд ва дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳми арзанда гузорад.







