(Чанд нукта дар мавриди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии мамлакат ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, афзалият ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дода шудааст. Ҳамин аст, ки тайи 31 соли ҳамкорӣ бо Созмони Миллаи Муттаҳид, аз 2 марти соли 1992 то инҷониб, ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои аъзои СММ хуб пазируфта мешаванд. Ин созмони бонуфуз дар доираи ҳамкориҳо садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналхалқиро ба тасвиб расонд, ки ба масоили ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналхалқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо бахшида шудаанд.
Зимни ҳамкориҳои рушдёбанда Пешвои муаззами миллат дар доираи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.
Зимни мулоқоту суҳбатҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш «Ҷонибҳо оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд».
Зимни мулоқоту суҳбатҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш «Ҷонибҳо оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.
“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор Президенти кишвар дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
«Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, бартараф кардани омилҳои таъсирбахши он ба рушди кишварҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи Саммит андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар робита ба воқеияти феълии ҷаҳони муосир сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад».
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир «Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуданд».
Ҳамзамон, зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамкориҳои дӯстонаи кишварҳо ва ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ , аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид муҳокима гардиданд.
Боварӣ дорем, ки дар ҳама самтҳо ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат аз пештара бештар рушд меёбанд.
Изатуллоев А., устоди факултети тиббии ДМТ