Ҳамасола 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ҳамчун ёдраскунӣ аз мавҷудияти мушкилоти мазкур, хатарҳои он, дастгирии ашхоси мубталои ВНМО ва тақвияти корҳои пешгирикунанда доир ба ВНМО дар саросари олам мебошад.
Рӯзи 28 ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии ДМТ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО мизи мудаввар барпо карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур намоянда аз Раёсати илми ДМТ, мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД ва Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин баъди намоиши наворҳои иҷтимоӣ байни донишҷӯён ва устодону мутахассисон баҳсу мунозира сурат гирифт.
Иқдоми мазкур имсол дар ҳукмронии пандемияи COVID-19, ки ҳаёти тамоми аҳолии сайёраро дигаргун сохтааст, баргузор карда шуд. Коронавирус барои инсоният вируси комилан нав аст, зеро алъон ҷаҳон ҳеҷ гоҳ чунин вирусеро мисли коронавируси нав надида буд, ки ин қадар зуд ва устувор дар тамоми кишварҳои олам паҳн шавад. Бинобар ин дар пасманзари пандемияи COVID-19 бояд иқрор шуд, ки мушкилоти вобаста ба сирояти ВНМО аз мадди назар то андозае дур монд.
Пандемияи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳли башарият бо ин гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ метавонад дастаҷамъона истодагарӣ намояд. Аз ин рӯ, ин чорабинии ҷаҳонӣ бахшида ба ВНМО имсол таҳти шиори “Ҳамбастагии байналмилалӣ ва масъулияти муштарак” доир карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки бемории сироятии COVID-19 ва ВНМО ҳарду бемориҳои хеле хатарноке мебошанд, ки организм ва иммунитетро, яъне масунияти бадани инсонро ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамояд. Аз ин рӯ, вақте ки таҳдиди ин гуна вирусҳо ба системаи масунияти инсон дучанд мегардад, бешубҳа сарборӣ низ ба бадан чанд маротиб меафзояд ва хавфи имконпазирии оризаҳои шадид зиёд мешавад. Яъне масунияти шахсе, ки аз ВНМО заиф шудааст, метавонад ба осонӣ мубталои COVID-19 гардад, зеро системаи масунии ӯ ба таҳдиди нави беруна муқобилат карда наметавонад ва коронавируси навро ба организм роҳ медиҳад. Чунин ашхос дар ин ҳолат махсусан осебпазир мегарданд.
Роҳи наҷот – пешгирӣ намудани беморӣ аст. Зеро пешгирии сирояти ВНМО беҳтар аз гирифторшавӣ ба ин бемории марговар мебошад. Хушбахтона, миқдори тестҳои санҷишии ВНМО гузаронидашуда дар байни аҳолии кишвар, сол аз сол рӯ дар афзоиш аст, вале ҳанӯз ҳам ин барои бартараф намудани таҳдидҳои хатарноки ВНМО нокифоя аст. Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки барои пешгирии ин бемории хатарноку марговар худро сари вақт тавассути тестҳои озмоишӣ бисанҷад, то ки ҳаёти худ ва наздикони хешро дар хатар намонад. Ҳамчунон мехоҳам як нуқтаи муҳимро иброз намоям, дар ҳолати риояи бечунучарои чораҳои беҳдоштӣ, истифодаи маводи антисептикӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ҳангоми COVID-19 ва бо назардошти роҳҳои имконпазири сироятёбии ВНМО ҳар шахс метавонад худ ва наздиконашро аз ин гуна бемориҳои хатарнок ҳифз намояд. Умед бар он дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо покии тинати худ ва назофати аслӣ ин гуна бемориҳои хатарнокро паси сар менамоянд.