ҲАМБАСТАГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ МУШТАРАК

498

Ҳамасола 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ҳамчун ёдраскунӣ аз мавҷудияти мушкилоти мазкур, хатарҳои он, дастгирии ашхоси мубталои ВНМО ва тақвияти корҳои пешгирикунанда доир ба ВНМО дар саросари олам мебошад.

Бо ин мақсад бо ибтикори кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии ДМТ мизи мудаввар доир гардид. Дар ҷамъомад намояндагони раёсати илми ДМТ, мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД ва Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, баъд аз намоиши наворҳои иҷтимоӣ миёни донишҷӯён ва устодону мутахассисон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Иқдоми мазкур имсол дар ҳукмронии пандемияи COVID-19, ки ҳаёти тамоми аҳолии сайёраро дигаргун сохтааст, баргузор карда шуд. Коронавирус барои инсоният вируси комилан нав аст, зеро алъон ҷаҳон ҳеҷ гоҳ чунин вирусеро мисли коронавируси нав надида буд, ки ин қадар зуд ва устувор дар тамоми кишварҳои олам паҳн шавад. Бинобар ин, дар пасманзари пандемияи COVID-19 бояд иқрор шуд, ки мушкилоти вобаста ба сирояти ВНМО аз мадди назар то андозае дур монд.

Пандемияи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳли башарият бо ин гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ метавонад дастаҷамъона истодагарӣ намояд. Аз ин рӯ, ин чорабинии ҷаҳонӣ бахшида ба ВНМО имсол таҳти шиори “Ҳамбастагии байналмилалӣ ва масъулияти муштарак” доир карда шуд.

 Бояд зикр намуд, ки бемории сироятии COVID-19 ва ВНМО ҳарду бемории хатарноке мебошанд, ки организм ва иммунитетро ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамояд. Аз ин рӯ, вақте ки таҳдиди ин гуна вирусҳо ба системаи масунияти инсон дучанд мегардад, бешубҳа сарборӣ ба бадан чанд маротиб меафзояд ва хавфи имконпазирии оризаҳои шадид зиёд мешавад.

Яъне масунияти шахсе, ки аз ВНМО заиф шудааст, метавонад ба осонӣ мубталои COVID-19 гардад, зеро системаи масунии ӯ ба таҳдиди нави беруна муқобилият карда наметавонад ва коронавируси навро ба организм роҳ медиҳад. Чунин ашхос дар ин ҳолат махсусан осебпазир мегарданд.

Роҳи наҷот – пешгирӣ намудани беморӣ аст. Зеро пешгирии сирояти ВНМО беҳтар аз гирифторшавӣ ба ин бемории марговар мебошад. Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки барои пешгирии ин бемории хатарноку марговар худро сари вақт тавассути тестҳои озмоишӣ бисанҷад, то ин ки ҳаёти худ ва наздикони хешро дар хатар нагузоранд.

Ҳамчунон, мехоҳам як нуктаи муҳимро иброз намоям, дар ҳолати риояи бечунучарои чораҳои беҳдоштӣ, истифодаи маводи антисептикӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ҳангоми хуруҷи COVID-19 ва бо назардошти роҳҳои имконпазири сироятёбии ВНМО ҳар шахс метавонад худ ва наздиконашро аз ин гуна бемориҳои хатарнок ҳифз намояд. Умед дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо покии тинати худ ва назофати аслӣ ин гуна бемориҳои хатарнокро паси сар менамоянд.

Рустам ТУРСУНОВ, номзади илмҳои тиб, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети тиббӣ,