Кафедраи анатомияи одам мазхани илму дониш ва фанни фундаменталӣ ва поягузори маҷмуи илмҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад. Кафедраи анатомияи одам яке аз сохторҳои факултети тиббӣ буда 30 сентябри соли 2021 бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода К.Х., тахти №1 дар заминаи кафедраи морфология ташкил гардидааст. Нақши кафедра дар рушди илмҳои тиббӣ ва таъминоти муассисаҳои тиббии давлатӣ ба кадрҳои баландихтисос низ назаррас арзёбӣ мегардад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён, инчунин ба амал баровардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз 30 сентябри соли 2021 роҳбарии кафедраи мазкурро Абдураҳимов Рустам Миралиевич ба уҳда дорад. Абдураҳимов Р.М факултети педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 1992 хатм намуда, пас аз хатм ҳамчун табиби интерна аз ихтисоси ҷарроҳии кӯдакона дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кулоб ба кор шурӯъ намуд. Аз соли 1993 то соли 1995 табиб – ҷарроҳи кӯдакона ва умумӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1995 то соли 1997 ординатураи клиникиро дар ҳайси ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии факултети муолиҷавӣ ва стоматологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 1997 ҳамчун духтури ҷарроҳ кор ва фаъолият намуда, дониш ва малакахои худро сайқал додааст. Аз соли 2016 ассистенти кафедраи морфологии ДМТ ва аз соли 2021 то ин замон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи анатомияи одам мебошад.
Дар кафедра 7 омӯзгори асосӣ ва 8 омӯзгори ҳамкор фаъолият доранд.
Фаъолияти илмӣ
Дар кафедраи анатомияи одам фанни анатомияи одам ба донишҷӯёни ихтисоси “Кори табобатӣ”, “Кори тиббӣ-ташхисӣ”, “Кори дандонпизишкӣ” ва “Кори тиббӣ-биологӣ” гузаронида мешавад. Дар кафедраи анатомия ду нафар унвонҷӯ фаъолияти илмӣ доранд: Абдураҳимов Р.М. дар мавзӯи “Влияние факторов риска на распространённость и клиническое течение пневмонии у детей раннего возраста. ”, ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад ва Нарзуллоев Н.Ф., дар мавзӯи “Таҳқиқоти функсионалии шиддатнокии психоэмотсионалӣ ва тағйирёбии ҳолати вегетативии донишҷӯёни соҳаи тиб дар раванди омӯзиш” буда дар ҳолати ҷамъоварии маводҳои таҳқиқотӣ қарор дорад. Аз тарафи мудири кафедра Абдураҳимов Р.М. дастурамали дарси терминалогия истилохоти анатомӣ, силлабусҳо бо забони руссӣ ва 15 мақолаҳои илмӣ омода ва нашр шудааст. Хамчунин ҳаммуаллифи 4 дастури таълимӣ мебошад. Аз тарафи дотсенти кафедра Идиева Х.Ш. 6 мақолаи илмӣ ва 12 дастури таълимӣ нашр шудааст. Аз тарафи ассистенти кафедра Нарзуллоев Н.Ф. 26 мақолаҳои илмӣ нашр шуда 2 фишурда вобаста ба мавзӯи илмӣ ба Федератсияи Россия равона карда шуда дар арафаи нашр қарор дорад. Хамчунин силлабусҳо ва барномаи фанни анатомияи одам ба забони тоҷики, 6 дастури таълимӣ ва 2 китоби дарсӣ омода карда шудааст. Аз тарафи ассистент Курбонова Г.Ш. 2 мақолаи илмӣ нашр гардидааст.
Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра
ҲИСОБОТ
оид ба фаъолияти кафедраи Анатомияи одам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021 – 2022
Муқаддима
Дар солҳои 2021 – 2022 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро пурра иҷро намуда истода, тадқиқотҳои илмиро мувофиқи нақша мегузаронад. Ҳамзамон аъзоёни кафедраи анатомияи одам дар давоми давраи ҳисоботӣ дар коркард ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ саҳми худро гузоштанд. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолият, аъзоёни кафедра корҳои зайлро, ба монанди ҷалби мутахассисони пуртаҷриба аз амалия, бештар ва пурзур намудани иштироки устодони кафедра дар дарсҳои ҳамдигар, бо назардошти талаботҳои нави ҷамъиятӣ ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав таҳия намудани мавзӯи дарси, инкишоф додани усули дар дарсҳои семинарӣ истифода намудани маводхои айёни ва санадҳои меъёри ҳуқуқи анҷом анҷом доданд. Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи дастовардҳои қафедра назаррас буда фаъолияти онро дар маҷмӯъ мусбӣ ва қаноатбахш арзёбӣ кардан мумкин аст.
Аъзоёни кафедра
Дар кафедра дар соли хониши 2022-2023 7- нафар омӯзгорони штатӣ ва 8-нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият карда истодаанд.:
- Абдурахимов Р.М. – и.в. муд. кафедраи анатомияи одам;
- Иддиева Х.Ш. – дотсент:
- Нарзуллоев Н.Ф. – ассистен:
- Абдурахмонов.А.А. –ассистент;
- Курбонова Г.Ш. -, ассистент;
- Дустмуродова Ф.М. – ассистент;
- Бидонова Н.К. – ассистент;
- Ёров С.К. –ҳамкор, н.и.т:
- Саидумаров С.Ш. –ҳамкор;
- Абубакри Хайдар. –ҳамкор;
- Урунов М. – ҳамкор;
- Курбонова Д.- ҳамкор;
- Бидонов С.К. –ҳамкор;
- Хакдодов М.С. –ҳамкор;
- Мингликулов М.Ф. –ҳамкор;
Абдураҳимов Рустам Миралиевич – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Анатомияи одам»-и факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 02.04.1966.
Таҳсилот: олӣ, соли 1992 –ум ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст.
Унвони илмӣ: ғ
Кор ва фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 1984-1992 Донишҷӯи факултети педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 1992-1993 Интернатура дар БМШ Кӯлоб
Солҳои 1993-1995 Духтури ҷарроҳи кӯдакона дар беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод
Солҳои 1995-1997 Табиби ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 1997-2001 Духтури ҷарроҳи умумии беморхонаи марказии шаҳри Роғун
Солҳои 2016-2021 Ассистенти кафедраи фанҳои морфологии ДМТ
Аз соли 2022 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Анатомияи одам»-и факултети тиббии ДМТ
Нарзуллоев Насрулло Фатҳуллоевич – ассистенти кафедраи «Анатомияи одам» – и факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Соли таваллуд: 05.12.1972.
Таҳсилот: олӣ, соли 2000 –ум ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудааст.
Унвони илмӣ: -.
Мукофотҳои соҳавӣ: соли 2015 бо нишони аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҲИА ҶТ ва соли 2020 бо нишони аълочии Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ сазовор гардидааст.
Кор ва фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 1991-1993 Донишҷӯи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе.
Солҳои 1994-2000 Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2000-2001 Интернатура дар БМШ №5, шуъбаи ҷарроҳии №2.
Солҳои 2001-2010 Ассистенти кафедраи «Анатомияи нормалӣ ва забони лотинӣ» – и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2010-2011 Омӯзгори кафедраи «Фанҳои морфологӣ» – и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ш. Душанбе.
Солҳои 2012-2020 Мудири кафедраи «Фанҳои морфологӣ» – и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ш. Душанбе.
Аз 01.09.2021 то ҳол Ассистенти кафедраи «Анатомияи одам» – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе
Гулмаҳмадова Зуҳро Назмиевна – ассистенти кафедраи «Анатомияи одам» – и факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Соли таваллуд: 29.03.1990.
Таҳсилот: олӣ, соли 2014 –ум ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст.
Унвони илмӣ: –
Кор ва фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 2008-2014 Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2011-2014 Ҳамшираи тибби дар БМШ №3, ш. Душанбе.
Солҳои 2014-2015 Интернатура дар таваллудхонаи №2 – и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2016-2018 Табиби ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва геникологии №2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2018-2019 Омӯзгори кафедраи «Фанҳои морфологӣ» – и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ш. Душанбе.
Аз соли 2019 то ҳол Ассистенти кафедраи «Анатомияи одам» – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раиси шӯрои кураторони факултети тиббии ДМТ
Қурбонова Гулбаҳор Шобудиновна – ассистенти кафедраи «Анатомияи одам» – и факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Соли таваллуд: 04.03.1989.
Таҳсилот: олӣ, соли 2014 –ум ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудааст.
Унвони илмӣ: -.
Кор ва фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 2008-2014 Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2014-2015 Интернатура дар таваллудхонаи №2 – и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ш. Душанбе.
Солҳои 2016-2019 Табиби бемориҳои занона дар МСР н.Кубодиён
Солҳои 2020—2021 Ассистенти кафедраи морфологӣ ДМТ
Аз соли 2022 то ҳол Ассистенти кафедраи анатомияи одами ДМТ
Дустмуродова Фируза Махмадалиевна – Аз сентябри 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи
Анатомияи одам факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Соли таваллуд: 31.03.1995
Таҳсилот: олӣ. Соли 2018 Факултети тиббии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Унвони илмӣ:-
Кор ва фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 2012-2018 Донишҷӯи факултети тиббии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019 Духтур-интерна дар кафедраи акушерӣ-гинекологӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2019-2021 Ассистенти ҳамкори кафедраи «Морфологи»-и факултети «Тиббӣ» – ДМТ
Солҳои 2021-2022 Лаборанти кафедраи акушерӣ-гинекологии факултети Тиббии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Солҳои 2022 то ҳол Ассистенти кафедраи Анатомияи одам факултети тиббии ДМТ кор мекунад
Фанни кафедра
Дар кафедра стандартҳои давлатии таҳсилот аз ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббӣ – ташхисӣ ва дандонпизишкӣ мавҷуд аст. дар кафедра аз фанни анатомияи одам таълим дода мешавад, ки нақшаҳо ва барномаҳои таълимии намунавӣ ва корӣ мавҷуданд. Матни лексияҳо ва нақшаи машғулиятҳои амалӣ дар шакли чопӣ ва хаттӣ, дафтарчаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо мӯҳру баҳоҳои роҳбарон аз муассиса ва омӯзгорони кафедра дар кафедра вуҷуд дорад.
Дар кафедра 12 синфхона мавҷуд буда, бо мизу курсиҳо таъминанд. Синфхонаҳо бо аёният банерхои хозиразамон муляжхои узвхои хушки одам ва таҷҳизоти лозима таъмин буда, 3 компютер, 2 видеопроектор бо доскаи электрони мавҷуд мебошад.
Синфхонаҳои семинари вобаста ба фанни омузонида ҷиҳозонида шуда, бо асбобҳои аёнӣ ва лабораторӣ таъмин шудаанд. Дар кафедра узвхои аслии часади одам дар зарфхо бо махлули формалин консерватсия барои бе зарар гардони омода шудааст.Сатҳи таъминот қаноатбахш мебошад.
Омӯзгорони кафедра дар рӯзҳои муайяни ҳафта корҳои мустақилона ва инфиродии донишҷӯён қабул карда, онҳо дар кафедра нигоҳ дошта шудаанд.
Маводҳои таълимии чопшуда:
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра китоби дарсии Анатомияи одам. Кисми 1,2,3. Идиева Х.Ш. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 13.11.2019. Суратҷаласаи №2.
- Анатомия человека. Часть 1,2,3. Идиева Х.Ш. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 13.11.2019. Суратҷаласаи №2. 4. Маҷмуаи лексияҳо аз фанни анатомияи одам. Кисми 1. Нарзуллоев Н.Ф. Абдураҳимов Р.М. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 31.10.2022. Суратҷаласаи №2. (Дар кафедра 27.09.22. Суратҷаласаи №2.) Аз 31.10.2022. Суратҷаласаи №2. (Дар кафедра 27.09.22. Суратҷаласаи №2.) 4. Маҷмуаи лексияҳо аз фанни анатомияи одам. Кисми 1. Нарзуллоев Н.Ф. Абдураҳимов Р.М. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 31.10.2022. Суратҷаласаи №2. (Дар кафедра 27.09.22. Суратҷаласаи №2.)
- Атлас анатомии человека. Нарзуллоев Н.Ф. Девонаев О.Т. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 31.10.2022. Суратҷаласаи №2. (Дар кафедра 27.09.22. Суратҷаласаи №2.)
- Дастурамал доир ба пайдоиш, пешгири ва муоличаи аломоти нуксонхои нафаскаши дар кудакони норасид. Печ.06.10.2021. ЧДММ «АЛИШЕР К.» Протокол №4 от 05.05.2021 Вахидов А.В. д.м.н. професор Мамаджонова Г.С., к.м.н. дотцент. Хабибов И.М. к.м.н Абдурахимов Р.М.
- Руководство по этиологии, профилактике и лечению синдрома дыхательных расстройств у недоношенных детей Печ.06.10.2021. ЧДММ «АЛИШЕР К.» Протокол №4 от 05.05.2021 Вахидов А.В. д.м.н. проф 8. терминалогияи (истилоҳотӣ) анатомӣ (лотинӣ-руссӣ-тоҷикӣ). Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 30.06.2022. Суратҷаласаи №9/6.
- Неанатология. Вохидов А.В. Абдурахимов Р.М.Талабзода М.С. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 29.11.2021. Суратҷаласаи №16.
- Пайвастшавии устухонҳо. Идиева Х.Ш. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 29.11.2021. Суратҷаласаи №3/6.
- Соединение костей. Идиева Х.Ш. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 29.11.2021. Суратҷаласаи №3/6.
- Роҳҳои ноқилии мағзи сару ҳароммағз. Идиева Х.Ш. Бо қарори ШИМ-и ДМТ. Аз 29.11.2020. Суратҷаласаи №3/6.есор Мамаджонова Г.С., к.м.н. дотцент. Хабибов И.М. к.м.н Абдурахимов РМ
Маҳфили илмии донишҷӯён
Дар кафедраи анатомияи одам аз солҳои аввали таъсисёбии он маҳфили илмии “Анатоми ҷавон” фаъолият менамуд. Маҳфили илмӣ бо роҳбарии ассистент Нарзуллоев Н.Ф. ҳар моҳ як маротиба бо ҷалби донишҷуёни тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултети тиббӣ баргузор гардида, маърӯзаҳои беҳтарин барои конфронси апрелӣ тавсия карда шудаанд.
Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардидаи ДМТ оид ба баргузории конфронси моҳи апрелӣ дар бахши анатоми ҷавон 10 нафар бо маърӯзаҳо, дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ дар нақша қарор доранд.
Корҳои тарбиявӣ
Устодони кафедраи анатомияи одам дар баробари таълим ба тарбияи донишҷуён саҳми арзанда мегузоранд. Омӯзгорони кафедра бо дарназардошти мавҷудияти ихтисоси табобатӣ дар назди кафедра, устодон дар ин гуруҳҳои академӣ ба ҳайси сарпараст (куратор) фаъолият менамоянд. Омӯзгорон ҳар ҳафта як маротиба мувофиқи ҷадвали дарсӣ дарсҳои тарбиявӣ мегузаронанд. Мавзӯъҳои нақшаи тарбиявӣ аз тарафи роҳбарият тасдиқ гардидаанд. Дар кафедра натиҷаи фаъолияти сарпарастони кафедра дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор гирифта, барои самаранок намудани кори онҳо тавсияҳо дода мешавад.