ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОДО, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

368

Бо чунин унвон имрӯз (22.11.2022)  дар толори  факултети тиббӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ- фарҳангӣ  баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо суханони муқаддимавии декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф  оғоз гардид. Мавсуф афзуд, ки ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Мардихудо Давлатов суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ, номзади илмҳои таърих Ҷӯраев Чаҳонгир оид ба пайдоиши парчам суханронӣ намуд. Ҳамзамон, донишҷӯёни факултет, аз ҷумла Абдуллоева Омина, Сайфова Шабнам, Аҳророва Соҳибахон, Азизов Ҳамид ва Аллаёров Абдулазиз доир ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маърӯзаҳо намуданд.

Дар анҷоми маҳфил аз ҷониби донишҷӯён қироати шеър ва суолу ҷавоби шавқовар дар робита ба таърихи парчам  сурат гирифт.