Пешгирӣ аз бемориҳои паразитологӣ

582

Дар бинои таълимии хобгоҳи №3 бо ибтикори факултети тиббӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами паразитологияи тибби муосир» конференсияи умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналлмиллалӣ н.и.т. Р.А.Турсунов оғоз намуда оид ба муҳтаво ва муҳимияти мавзӯъи нишаст суханронӣ намуд. Сипас, маърӯзаи илмии н.и.т., дотсенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ М.Абдуллоева оид ба дурнамои «Хусусиятҳои вогирии бемориҳои паразитологӣ дар байни аҳолӣ ва тамоюлҳои асосии он дар замони ҳозира, ҷаҳон ва Тоҷикистон» баромад намуда оид ба сатҳи паҳншавӣ, усулҳои дарёфт ва натиҷаҳои дарёфти беморӣ батафсил шарҳ дод. Сипас н.и.т., дотсент и.в., мудири кафедраи эпидемология ва бемориҳои сироятӣ Т.Ҳомидова оид ба «Бемориҳои сироятии паразитологӣ: намудҳо, табобат ва роҳҳои пешгирии онҳо», ходими илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ М.Қаюмова доир ба «Ҷамбаҳои экологию эпидемиологӣ ва гигиении паҳншавии токсакороз дар ҶТ» ва ассистенти кафедра, духтури дараҷаи олӣ, эпидемиолог М.Одинаев дар мавзӯи «Амёбиаз ва лямблиёз» маърӯза намуданд. Мақсад аз баргузории чунин конфренсия дараҷаи баланд бардоштани мактаби илмии кафедра дар тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва табибони арзанда мебошад. Дар охир вобаста ба маърӯзаи ирогардида саволу ҷавоб сурат гирифт.