МАРКАЗИ ТЕСТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ

685

Тайи солҳои охир роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ дар факултети тиббӣ Маркази тестӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он аз 40 компютери хозиразамон иборат мебошад. Имсол донишҷӯён аввалин маротиба дар маркази мазкур имтиҳон супориданд. Қаблан донишҷӯёни факултети тиббӣ дар пояҳои сохторҳои гуногуни донишгоҳ имтиҳонҳои худро месупориданд. Минбаъд донишҷӯён имкон доранд имтихонҳоро дар Маркази тестии факултет, ки дар шароити хуби корӣ омода шудааст, супоранд. Маркази мазкур санаи 30.12.2019 бо иштироки муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Хоҷазода Т.А. кушодаю мавриди истифода қарор гирифт.