Терапия

Кафедраи терапияи факултети тиббии ДМТ махзани илму дониш ва тозабунёд дар кишвар ба ҳисоб меравад. Чунки дар ин даргоҳ олимони бузурги ватанию хориҷӣ фаъолияти илмию омӯзгорӣ огоз намудаанд ва ин анъана то ба ход идома дорад. Нашқи факултет дар рушди илми тиб ва таъминоти мақомоти давлатӣ ба кадрхои баландихтисос низ назаррас арзёбӣ мегардад.

Сохтори факулет аз кафедра иборат мебошад, ки барон баланд бардоштани сатҳи дониш вамалакаи донишҷӯён, инчунин ба амал баровардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Яке аз чунин кафедраҳои факултет ин кафедраи терапия мебошад. Дар кафедра омӯзгорони шинохта Одинаев Ф.И. ; Солиев Ф.Г.; Одинаев С.Н. ва дигарон фаъолият намудаанд. Солиев Ф.Г. хамчун устоди дорой маданияти баланд, сахтгиру мехрубон, дар чодаи илму тарбия хеле масъулиятнок медонанд.

Фаъолияти илмӣ

Кафедра аз тадриси фанҳои асосӣ – «Бемориҳои дарунӣ», «Прапидевтикаи бемориҳои дарунӣ», «Бемориҳои касбӣ» ва ирсолҳои махсус- «Асабшиносӣ», «Равонпизишкӣ » ва «Кардиология»- ро дар шӯъбаҳои рӯзона, аз лаҳзаи ташкилшавии кафедраи терапия – омӯзгор дарс мегӯяд.

Фанҳои таълимӣ:

  • Бемориҳои дарунӣ;
  • Таълими асосҳои бемориҳои даруна;
  • Тибби ҳарбӣ саҳроӣ

Фанҳои тахасусӣ:

  • Асабшиносӣ;
  • Равонпизишкӣ;
  • Кардиология;
  • Бемориҳои касбӣ

ҲИСОБОТ оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра

оид ба фаъолияти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети хуқуқшиносии Донишгоҳи миллим Точикистон дар соли таълимии 2016 – 2017

Муқаддима

Дар солҳои 2022 – 2023 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиропурра ичро намуда истода, тадқиқотҳои илмиро мувофиқи нақша мегузарнад. Ҳамзамон аъзоёни кафедраи терапия дар давоми давраи хисоботӣ дар коркарди якчанд лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои раёсати донишгох саҳми худро гузоштанд. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолият, аъзоёни кафедра корҳои зайлро, ба монанди ҷалби мутахассисони пуртаҷриба аз амалия, бештар ва пурзур намудани иштироки устодони кафедра дар дарсҳои ҳамдигар, бо назардошти талаботҳои нави ҷамъиятӣ ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав тахия намудани мавзӯи рисолаҳои дипломӣ ва корҳои курсӣ, инкишоф додани усули дар дарсхои семинарӣ истифода намудани маводхои айёнй анчом доданд. Бояд қайд намуд, ки дар давраи хисоботи дастовардҳои қафедра назаррас буда фаъолияти онро дар мачмӯ мусбӣ арзёбй кардан мумкин аст.

Аъзоёни кафедра

Дар солҳои 2022 – 2023 дар кафедра 10 – нафар устодони штата ва 13 – нафар устодони хамкор (соатбайн) сарбории кафедраро иҷро намуданд.

Ҳоло устодони штатии кафедра шахсони зерин мебошанд:

  1. Назаров П.Ю. – и.в мудири кафедра:
  2. Қаюмов Х.Б. – номзади илмҳои тиб. ассистент;
  3. Саидова О.Қ. – номзади илмҳои тиб. ассистент;
  4. Ризоева О.Р. – номзади илмҳои тиб, ассистент;
  5. Муминов Ш.Ҷ.- ассистент;
  6. Нозиров К.Б. – ассистент;
  7. Давлатов М.Д. – ассистент;
  8. Якубов М.Р. – ассистент:
  9. Ахмадзода Ф.Н. – ассистент;
  10. Нуриддинов А.А. – ассистент;

Устодони хамкор:

  1. Ҳабибов Исломиддин Аъзамович
  2. Бухориева Шабнам Хуршедовна;
  3. Халилова Дилфуза Рауфҷоновна;
  4. Исвалиев Машраб Ҷурахонович;
  5. Назаров Абдусами Абдусамадович;
  6. Ибодов Фариддун Муҳриддинович;
  7. Хоҷаев Изатулло Холович;
  8. Шукурова Маитхон Муминҷоновна;
  9. Абдуллоева Мунира Шоназаровна;
  10. Муродова Бибигул Мирзоевна;
  11. Давлатов Кайхон Қобилҷонович;
  12. Давлатзода Раҳимҷон Давлатшо
  13. Миров Эмомалӣ

Назаров Парвиз Юсупович

Мансаб: и/в мудири кафедра

Унвони илми:

Дараҷаи илми:

Ҷанбаҳои фаъолияти илми:

Бемориҳои дарунӣ, бемориҳои касбӣ

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1997 – 2002, факултаи умуми тиббӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

2002-2003 интернатура- терапевт дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Таҷрибаи кори ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2019 дар факултаи тиббӣ ДМТ ба фаъолияти омузгорӣ машғул аст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 07.04.1980с.

Нуриддинов Амонхон Аминчонович

Аз мохи сентябри 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи терапияи ДМТ фаъолият мекунад.

Соли таваллуд: 02.02.1996

Таҳсилот: оли, соли 2019 Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино-ро хатм кардааст.

Солхои 2019-2021 дар «МОНИКИ» ба номи М.Ф. Владимирский дар ш. Москва ординатура гузаштааст.

Унвони илмӣ: надорад

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 206-2018 МСШ №3 ш.Душанбе ба хайси бародари тибб

Солхои 2019-2021 Дар «МОНИКИ» ба номи М.Ф. Владимирский ш. Москва ба хайси ординатор

Ризоева Ойтило Рустамовна

Соли таваллуд 01 октябри соли 1970

Таҳсилот олӣ, соли 2003 Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст

Унвони илмӣ: номзади илмҳои тиб

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1993-2003 Донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Солҳои 2003-2004 Духтури оилавии Маркази саломатии № 2 шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2005-2006 Муаллимаи фанни амрози дохилаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2006-2009 Духтури табобатии шуъбаи неврологӣ беморхонаи клиникаи №5 шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2012 Муъдири шуъбаи робита бо ҷомеъаи ВАО Маркази ҷумҳуриявии ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Душанбе

Соли 2012 Мудири шуъбаи комуникатсия ва алоқа, духтури омори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2016 Мудири кафедраи гигиенаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2018 Духтури муолиҷавӣ 0,5 в/к шуъбаи гастроэнтерологии беморхонаи клиникии №5 шаҳри Душанбе

Соли 2018-2019 Духтури Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 шаҳри Душанбе

Солҳои 2019-2020 Ассистенти кафедраи «Терапия» факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз 13.10.2020 Ассисенти кафедраи терапияи факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воҳиди корӣ фаъолият дорад

Муминов Шарафҷон Ҷамахонович

Соли таваллуд: 01.09.1987

Таҳсилот: олӣ, соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Унвони илмӣ:

Кор ва фаъолияти собиға:

Солҳои 2010-2011 – Табиби-интерн асабшинос МТШ № 1

Солҳои 2011-2013 – Табиби асабшинос дар МСШ №2-и ш.Душанбе

Солҳои 2013-2015 – Табиби асабшинос дар МД МҶКБК -и ш.Душанбе

Солҳои 2017-2021 – Аспиранти ғоибонаи кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои генетикаи тиббӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Солхои 2015 то хол Ассистенти кафедраи Терапия

Фанҳои кафедра

Дар солҳои 2022-2023 дар кафедраи терапия дар номгӯи фанхои таълимӣ ихтисор ба вуҷуд омад. Ҳоло дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ аз фанҳои зерин гузаронида мешаванд:

  1. Бемориҳои дарунӣ;
  2. Таълими асосҳои бемориҳои даруна;
  3. Тибби ҳарбӣ саҳроӣ

Курсҳои махсус

  1. Асабшиносӣ
  2. Равонпизишкӣ;
  3. Кардиология;
  4. Бемориҳои касбӣ

Маводхои таълимии кафедра

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дастурамали дарсии « Бемориҳои даруна», васоити таълимии «Асабшиносӣ» ва «бемориҳои касбӣ » ба нашр омада гаштааст.

Дар баробари ин, кафедра тасмим гирифтааст, ки то аввали соли хониши оянда китоби дарси аз фаннӣ “Бемориҳои даруна” ба забони давлатӣ таҳия ва чоп намояд.

Ташкили тадқиқоти илмӣ дар кафедра

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кафедра як семинар бо чалби намояндагони соҳаи тиббӣ баргузор гардид. Дар баробари ин, устодони кафедраи терапия мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар низ нашр намуданд.

Устодон ва аспирантони кафедра мунтазам мақолаҳои илмии худро маҷалаҳои илмии дохили кишвар, ба монанди “Паёми Сино” “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” “Илм ва техника”, “Ёрии таъҷилӣ ” ва ғайра ба нашр мерасонанд.

Махфили илмии донишҷӯён

Дар кафедраи терапия аз солҳои аввали таъсисёбии он курсҳои педиатрия ва тиббӣ оилавӣ фаъолият менамуд. Дар соли таҳсилӣ 2022-2023 курсҳои маскур аз кафедраи терапия ҷудо шуда кафедраи педиятрия ва тиббӣ оилавӣ дар алоҳидаги фаъолияти худро давом дода истодааст. Махфили илмй бо рохбарии ассистент Муминов хар хафта як маротиба бо чалби донишҷуёни тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултети тиббӣ баргузор гардида, маърӯзаҳои беҳтарин барои конфронси апрели тавсия карда мешаванд.

Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардидаи ДМТ оид ба баргузории конфронси апрели дар бахши терапия 4 нафар бо маърузаҳо баромад намуда истодааст.

Корхои тарбиявӣ

Устодони кафедраи терапия дар баробари таълим ба тарбияи донишҷуён саҳми арзанда мегузоранд. Бо дарназардошти мавҷудияти ихтисоси фаъолиятн хифзи ҳукуқ дар назди кафедра, устодон дар ин гурухҳои академӣ ба хайси сарпараст фаъолият менамоянд.

 Гузашта аз ин, дар ду моҳ як маротиба мутобиқи нақшаи корни кафедра натичаи фаъолияти сарпарастони кафедра дар чаласахои кафедра мавриди мухокима гирифта, барои самаранок намудани кори онҳо тавсияхо дода мешавад.