Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» давоми 31 соли фаъолияти худ тавонист барномаи роҳандозишудаи худро ба таври мувафақона иҷро намояд. Тули солҳои фаъолияти ҳизб зери роҳбари муаззами он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаю қашшоқ, ки тамоми сохторҳояш ру ба нестӣ оварда буд имрӯзҳо ба кишвари ру ба тараққӣ, пешрафта ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохташуда табдил ёфтааст. Яъне ҳизби роҳбар асолати таърихии худро назди халқ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда иҷро намуд.
Чаҳор ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар имрӯзҳо бомувафақият иҷро карда шуда истодаанд.
Албатта зиёдшавии аҳолии ҷумҳурӣ, сохтану ба истифода додани биноҳои сершумори истиқоматӣ ва маишию маданӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони корхонаҳо саноатӣ, зиёдшавии шумораи воситаи нақлиёт талаботи кишварро ба нерӯи барқ, маҳсулоти озуқавории арзону дастрас, роҳҳои ба талаботи замона ҷавобгу боз ҳам бештар гардонида истодааст. Вале ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи беҳтар намудани шароити зиндагии шоистаи мардум саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода истодааст. Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар ин росто, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар нафар аҳолӣ аз 8430 сомонии соли 2020 бояд то соли 2025 ба 12297 сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 30 то 40 фоиз афзоиш дода мешавад. Ҳамасола суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар ММД аз 10 то 15 фоиз афзоиш ва ҷараёни саноатикунонии босуръати кишвар идома меёбад.
Дар ин давра, пешбинӣ мегардад, ки аз ҳисоби таҷдид ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат беш аз 10 млрд кВт соат афзоиш дода мешавад.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузорад.
ҲХДТ бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда (таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул) тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Дастоварди асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ байни мардуми кишвар мебошад.
Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавқеи байналмилалии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, он дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми худро соҳиб гаштааст. Имрӯзҳо Тоҷикистон борҳо макони баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст.
Имрӯзҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ вазъи мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани хатарҳои терроризм ва экстремизм таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин лиҳоз, тибқи Барномаи ҳизб яке аз вазифаҳои аъзоёни он омӯзиш ва тарғиби ҳаёти осоишта, омӯзиши илму дониш ва малакаҳои касбӣ байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ақидаву гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад.
Дар барномаи ҲХДТ бахши сиёсати иҷтимоӣ мавқеи хоса дорад. Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳатро дошта, метавонад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад. Инчунин, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд.
ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Имрӯзҳо бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои маорифу тандурустӣ хеле рушда намудаанд. Дар гушаву канорҳои гуногуни кишвар муассисаҳои нав ва ба талаботи замона ҷавобгу кушода шуда истодаанд. Шароитҳои фароҳамоварда боиси рушди соҳаи маориф гашта, имкон фароҳам овардааст, ки дар муассисаҳои тамоми зинаҳо, аз ҷумла миёна ва олии касбӣ мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгу омода карда шаванд.
Корҳои назаррас дар самти сохтану ба истифода додани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва такмили ихтисоси табибон дар дохил ва хориҷи кишвар боиси он гаштааст, ки сатҳи нишондодҳои солимии аҳолӣ солҳои соҳибистиқлолӣ боло рафта, фоизи ба хориҷи кишвар барои ташхису табобат рафтани шаҳрвандон хеле коҳиш ёфтааст.
Хулоса оид ба дастовардҳои ҲХДТ тули 31 соли фаъолият метавон саҳифаҳои зиёде навишт, аммо он ҳама дастовардҳо пайваста дар саҳифаҳои васоити ахбори омма ба пуррагӣ дарҷ карда мешаванд. Ҳоҷат ба баён нест, агар шароити зисти одамон, некуаҳволии иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳоро муқоиса кунем дарк карда мешавад, ки роҳбарият ва ҳама аъзоёни ҳизб барои ба ин рӯз ва дастовардҳо ноил гаштан заҳматҳои бузург ва шабонарӯзӣ кашидаанд.
Азиззода З.А., доктори илмҳои тиб, декани факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон







