
Такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои донишкада маҳсуб меёбад. Сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин паҳ¬луи фаъолияти омӯзгорон бештар гардидааст. Зеро такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилот ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ин бахши таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Бо ин мақсад ба 58 нафар омӯзгорону кормандоне, ки курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи “Усулҳои фаъоли таълим” гузаштанд дипломҳо супорида шуд.
Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадизода Ф.Б. зимни супоридани дипломҳо иброз дошт, ки коллективи бисёрнафараи факултети тиббӣ дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии раёсати Донишгоҳ пайваста аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуда, такмили маҳорати касбии худро мустаҳкам менамоянд.