ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТИ ТОҶИКОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

21

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки барои муҳофизати Ватан ва аз байн бурдани фашизми истилогар, дар қатори мардумони ҷумҳуриҳои шуравӣ бошандагони кишвари мо низ далерона мубориза бурдаанд.

Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар корномаи таърихи миллати мо, бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда, боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо, ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Неъмат Қарабоев, Ҳайдар Қосимов, Ҳодӣ Кенҷаев, Қудрат Қаюмов, Раҳимбой Раҳматов, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Эргаш Шарифов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷилло медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

Мусаллам аст, ки ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.

Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзона фарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хешу пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо, дар майдонҳои ҳарбу зарб, бо хати заррин сабт шудааст.

Поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳо, ин анъанаи нек ва сабақи пандомез барои наслҳои имрӯзу фардои миллат аст.

Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.

Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.

Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кӯмак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон, пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат, низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: “9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”. Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.

Эгамова Шаҳноза, мудири кафедраи стаматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи факултети тиббии ДМТ, номзади илмҳои тиб