БАРДОШТ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

12

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зимни вохӯрӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модар, ки санаи 07.03.2025 дар кохи Борбад бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, иштирок намудам.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро ҳамчун муҳаррики рушди ҷомеа баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз оила сар карда то зиндагии ҷамъиятӣ нақши беназир доранд. Занон на танҳо дар оила, балки дар сиёсат, иқтисод ва фарҳанг ҳам рамзи муваффақият ва пешравии ҷомеа мебошанд.

Дар суханронӣ таъкид гардид, ки давлат барои беҳтар кардани шароити зиндагии занон пайваста тадбирҳои муассир меандешад ва бо тавлифи барномаҳо ва лоиҳаҳои иқтисодӣ, инчунин кӯмак ба занон барои рушди касб ва шомил кардани онҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, саъю кӯшиш ба харҷ менамояд. Ҳамчунин, масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, пешгирии хушунат ҳамеша дар мади назари давлат мебошад.

Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои занон дар самти соҳаҳои гуногун номбар таваҷҷуҳ карданд. Ҳамзамон ба масъалаи муборизаву хидматҳо, масъулияти зан алалхусус дар оила, тарбияи фарзандон ва ҳамзамон фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ишора карданд ва таъкид намуданд, ки занҳо дар баробари хонадорӣ, бо иштироки фаъол дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушди кишвар саҳмгузоранд.

Президенти кишвар нақши занонро дар рушди устувор, дастгирии иҷтимоии оилаварзӣ ва барномарезии муносибатҳои иҷтимоӣ арзёбӣ карданд. Таъкид намуданд, ки Занҳо ҳамчун Модар, роҳнамо ва тарбиятгар метавонанд на танҳо оилаи худро, балки ҷомеаро ба пешравии бештар равона созанд.

Сарвари кишвар ҳамчунин ба занон изҳори сипос ва қадрдонӣ карданд, ба модарон барои тамоми кӯшишҳо, саҳми онҳо дар таҳкими оила, ҷамъият ва давлат низ сипоси минадорӣ намуданд. Президенти мамлакат занонро огоҳ намуданд, ки онҳо бояд бо вуҷуди мушкилотҳои мавҷуда ба пешравии худ идома диҳанд ва ба мақсадҳои нек ноил шаванд.

Инчунин борҳо таъкид намуданд, ки тамоми инсонҳо аввалин тарбияро дар домони Модар мегиранд ва Модар то интиҳои ҳаёт тамоми ҳастии худро ба фарзанд мебахшад. Фарзандонро мебояд, ки падару модарро ҳурмату эҳтиром намоянд ва хизмати онҳоро баҷо оранд.

Ҳамзамон таъкид намуданд, ки модарон, занону духтарон дар замони муосир зираку ҳушманд бошанд ва расму оини тоҷиконаро маҳфӯз нигаҳ доранд, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, бегонапарастӣ нанамоянд, либосҳои миллии худро, ки муарифгарӣ миллати тоҷик мебошанд ҳамеша ба бар кунанд.

Воқеанҳам аз иштирок дар ин Ҷамъомад, ки бо ҳузур ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт як ҷаҳон таасуротҳои некро бардошт намудем. Ба хулосае омадем, ки дар ин Дунё мо занҳои тоҷик хуштолеъ ва сарбаланд ҳастем, зеро ҳама сола Сарвари давлати мо саҳми занҳоро дар ҷомеа аз ҳама баланд арзёбӣ мекунанд ва қадру манзалати зани тоҷикро аз ҳама боло медоранд ва ҳуқуку озодиҳои моро ҳифз менамоянд .

Мо занҳои тоҷик ифтихор аз он менамоем, ки дар ҷомеаи озод, ки дар натиҷаи кушишу амалҳои неки Сарвари кишварамон ба даст омадааст умр ба сар мебарем ва кору фаъолият менамоем ва шукургузорӣ менамоем, ки Сарвари маҳбубу ғамхор дорем. Кӯшиш менамоем, ки дар рушду нумӯи давлатамон саҳми босазои хуро гузорем ва ба боварии сарвари кишварамон сазовор бошем.

Гулнора Султонова Каримҷоновна, раиси шурои занони факултети тиббии ДМТ