
Имрӯз (05.03.2025) бо ташаббуси факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А. оғоз намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бузургдошти Рӯзи модар, ки 16 сол муқаддам бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарони тоҷик руҳу илҳоми тоза бахшид. Ин ҳама меҳрубонӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Сарвари давлат дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занон-модарони тоҷик дарак медиҳад.
Зимнан муовини ректор оид ба тарбия, профессор Имомзода Н. зикр кард, ки ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гардидани онҳо мебошад. Зеро занони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли кишвар ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
Қисмати дигари чорабинӣ фарҳангӣ буд, ки чанде донишҷӯён суруду шеърҳо ироа доштанд.
Ҳамзамон, дар зимн як қатор донишҷӯёни фаъоле, ки хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ доштанд, бо ифтихорномаи садорати факултет қадрдонӣ шуданд.