Имрӯз (04.03.2025) дар кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Хусусиятҳои ташаккули системаи репродуктивии духтарон ҳангоми ҷоғари диффузии ғайризаҳрнок” баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бо мақсади омӯзиши таъсири ҷоғари диффузии ғайри заҳрнок ба ташаккули системаи репродуктивии духтарон, баҳс оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати мушкилоти марбут ба ин беморӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар ин самт баргузор шуд.
Дар семинар сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., декани факултети тиббии ДМТ Иззатуллозода, устодону олимон ва мутахассисони соҳаи тиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияии ДМТ Рафиева Заррина оид ба хусусиятҳои рушди солимии репродуктивии духтарони наврасе, ки дар минтақаҳои эндемикӣ зиндагӣ мекунанд, суханронӣ намуда, маълумоти муҳимме пешниҳод кард. Профессори кафедраи акушерӣ Абдураҳмонова Фирӯза вобаста ба саломатии репродуктивии духтарони дорои дисфунксияи ғадуди сипаршакл маърӯза кард. Вай таъкид намуд, ки функсияи нодурусти ғадуди сипаршакл метавонад боиси мушкилоти гормоналӣ ва ихтилоли системаи репродуктивӣ гардад.
Семинар барои табибон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни соҳаи тиб имконияти хубе фароҳам овард, то дар бораи мушкилоти эндокринологӣ ва таъсири онҳо ба рушди репродуктивӣ маълумоти муфассалтар дарёфт кунанд.
Дар ҷамъбасти семинар, иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳимми ҳифзи саломатии духтарон ва роҳҳои беҳтар кардани ташхису табобати бемориҳои вобаста ба ғадуди сипаршакл мубодилаи афкор намуданд.