Санаи 16-уми декабри соли 2024 таҳти унвони “Хурофот ва хатари он ба имрӯз ва ояндаи мо” дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намоядагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии Донишгоҳ дар толори калони химиявии факултети химияи ДМТ баргузор хоҳад шуд.
Домой Эълонҳо