Таҳти чунин унвон имрӯз (16.12.2024) дар доираи Нақша- чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намоядагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии Донишгоҳ дар толори калони химиявии факултети химияи ДМТ баргузор карда шуд.
Чорабиниро декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. оғоз намуда иброз дошт, ки имрӯз яке аз масъалаҳое, ки доғи рӯз аст ва таъсири манфии худро ба пешбурди давлату зиндагии осоиштаи миллати тоҷик мерасонад, ин хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Бо мақсади пешгирии ин омилҳои хатаровар роҳбарияти Донишгоҳ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият дода, чорабиниҳои сатҳи гуногундоштаро дар ин самт роҳандозӣ намуда истодаанд.
Пешвои миллат зимни вохӯрии болозикр қайд намуданд, ки “Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад”.
Зимнан Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз эҳтироми касбияти омӯзгорон ва саҳми беандозаи онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷомеа сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад.