ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

46

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо имрӯз (15.10.2024) вохӯрии навбатии намояндаи ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни соли аввали факултети тиббии ДМТ доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили рафтори намунавӣ, дониши хубу аъло, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, даст назадан ба амалҳои ҷиноӣ, инчунин, риояи тартиботи дохилии Донишгоҳ ва талаботи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ин нишона аз ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.