МАЪРИФАТИ ВАТАН: МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНБИНӢ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ

104

СУХАНРОНИИ 7-УМИ УСТОД ҲАФИЗ РАҲМОН АЗ СИЛСИЛАГУФТОРИ “ВАТАН – АРЗИШИ ВОЛОИ МИЛЛӢ” ДАР ҲУЗУРИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТАҲОИ ТИББӢ, ХИМИЯ ВА ФАРМАТСЕВТИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

Суҳбати навбатии устод Ҳафиз Раҳмон асосан ба масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, андеша ё идеяи миллӣ дар шинохт ва гиромидошти ватан бахшида шуд.

Тӯли 50 дақиқаи суҳбати озод устод ба бархе мушкилу муаммоҳои маърифати ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ишораҳо карда, бо шавқу завқи зиёд бо овардани далелҳо аз дунёи муосир суҳбатро муассир гардониданд.

Дар ин суҳбат декани факултаи тиббӣ Алиқул Иззатуллоев, муовини декани ҳамин факулта Эраҷи Шералӣ, муовини декани факултаи химия Одина Ҳасанов, муовини декани факултаи фарматсевтӣ Шоҳин Ҳасанов, эдвайзери факултаи фарматсевтӣ Фирдавс Каримов, инчунин корманди масъули масъалаҳои тарбия дар Донишгоҳи миллӣ Илҳом Ашӯрзода ширкат карданд.