ҶАҲОНИШАВӢ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

170

Ҷаҳонишавиро ба таври гуногун шарҳ додан мумкин аст. Ба таври соддаи оммафаҳм метавон гуфт, ки ҷаҳонишавӣ ин раванди умумиҷаҳонии ҳамгироии байни давлатҳо ба ҳисоб меравад. Ба таври дигар гӯем ин раванди умумиҷаҳоние мебошад, ки ба якхелакунонӣ ва ҳамгироии самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ оварда мерасонад.

Ҷаҳонишавӣ хосияти тағйирдиҳии равандҳои таркиби хоҷагидории ҷаҳониро дошта, фаҳмиши маҷмӯйи хоҷагиҳои миллиро дар бар гирифта, системаҳои байналмилалии тақсимоти меҳнатро бо ҳам пайваст намуда, муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсиро бо роҳи дар худ гирифтан дар бозори ҷаҳонӣ ва ба зуддӣ мустаҳкамнамудани иқтисодиёт дар асоси принсипҳои трансмилликунонӣ ва минтақакунонӣ танзим менамояд. Дар ин замина ташаккулёбии шабакаи ягонаи ҷаҳонии иқтисодӣ-геоиқтисодӣ ва инфраструктураи он ба амал омада, камшавии таъсири истиқлолияти давлатӣ, ки дар давоми асрҳои зиёд дар муносибатҳои байналхалқӣ чеҳраҳои асосии амалкунанда ба ҳисоб мераванд, рух медиҳад.

Раванди ҷаҳонишавӣ ин натиҷаи таҳаввули системаҳои танзимкунандаи бозори давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Натиҷаи асосии ин ҷудокунии ҷаҳонии меҳнат, муҳоҷират (консепсия) дар миқёси сармояи ҳамаи саёра, қувваҳои корӣ, сарчашмаҳои истеҳсолӣ, стандартизатсияи қонунбарор, равандҳои иқтисодӣ ва технологӣ ва инчунин наздиккунонӣ ва бо ҳам якҷошавии фарҳанги давлатҳои гуногун мебошад. Ин раванди объективӣ, ки хосияти систематикӣ дорад, тамоми доираи ҳаёти ҷамъиятиро ба худ ҷазб менамояд. Дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ ҷаҳон хеле алоқаманд ва хеле ҳам аз ҳамаи субъектҳои худ вобаста мегардад. Афзоиши мушкилиҳои умумӣ барои бархе аз гуруҳҳои давлатҳо ба амал меояд, инчунин васеъшавии шумора ва типҳои субъектҳои ҳамгиройишуда меафзояд.

Боиси зикр аст, ки назарҳо оиди равиши ҷаҳонишавӣ яксон набуда мубоҳисаангез мебошад. Таърихчиён ин равандро ҳамчун яке аз марҳилаҳои инкишофи капитализм меҳисобанд. Иқтисодчиён бошад инро ба бозори молиявии трансмилликунонӣ рабт медиҳанд. Сиёсатмадорон бошад такя ба паҳнкунии ташкилотҳои демократӣ мекунанд. Фарҳангшиносон пайдоиши ҷаҳонишавиро ба фарҳанги вестернизатсионӣ (ғарбгароӣ), ки ба он ғасби иқтисодии америкоӣ дохил мешавад, алоқаманд меҳисобанд.

Назарияи умумии иттилоотӣ-технологӣ низ оиди раванди ҷаҳонишавӣ вуҷуд дорад. Ҷаҳонишавии сиёсӣ, сотсиофарҳангӣ ва иқтисодиро фарқ кардан мумкин аст. Ба сифати субъекти ҷаҳонишавӣ регионализатсия (минтақакуконӣ), ки эффекти қавии кумулятивиро барои ташаккулёбии самтҳои ҷаҳонии инкишофи иқтисодӣ ва технологӣ медиҳад, дохил мешавад.

Пайдоиши худи калимаи “ҷаҳонишавӣ” аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши барандаро дар ин раванд афзоиши бо ҷӯшу хуруши иқтисоди байналмилалии дар ин ва ё он марҳилаҳои таърихии ба амал омада мебозад. Аввалин маротиба калимаи “ҷаҳонишавӣ” ( бо маънои “савдои байналмилалии интенсивнок”)- ро Карл Маркс истифода намуд, ки дар яке аз мактубҳояш ба Фридрих Энгелс дар охири солҳои 1850 навишта буд: “Ҳоло бозори ҷаҳонӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Бо баромадани Калифорния ва Ҷопон ба бозори ҷаҳонӣ ҷаҳонишавӣ амалӣ гардид”. Ба шакли калимаи серистифодашаванда бошад мафҳуми мазкур ба қарибӣ, тақрибан солҳои 1990 ба ҳукми анъана даромад.

Солҳои охир назарияи ҷаҳонишавии ҷамъиятиро И.Валлерстайн фаъолона вусъат дод. Дар аввали асри XXI дар ҷамъияти илмии ҷаҳонӣ консепсияи ҷаҳонишавии ҷамъиятӣ хеле маъруфияти зиёдро касб намуд, ки аз ин нуқтаи назар ҳамаи одамони курраи Замин шаҳрванди ягонаи ҷамъияти глобалие мебошанд, ки аз ҷамъиятҳои алоҳидаи локалии давлатҳои ҷаҳон таркиб ёфтаанд. Дар амалияи рӯзмарра ҷаҳонишавии сотсиомедмативӣ ҳамчун базаи иттилоот ва мубоҳисот дар майдони интернетӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) рафта истодааст, ки ҳамарӯза мо онро мушоҳида намуда истодаем.

Роҳбарони компанияи Google Э.Шмидт ва Д.Коэн дар соли 2012 нақши махсус доштани шабакаҳои иҷтимоӣ ва серверҳоро дар сохтани ҷамъияти глобалӣ қайд намуда буданд. Қадами минбаъдаи “Сохтани ҷамъияти глобалӣ” ин сохтани манифести фаъолгардонидашудаи Facebook мебошад, ки соли 2017 аз ҷониби М.Сукерберг бо мақсади боз ҳам наздиктар гардидани ҷаҳон пешниҳод гардид.

Физики назариявӣ ва футуролог Митио Каку дар китоби “Физикаи оянда” -и худ менависад: “Агар пурсиш гузаронида шавад, маълум мегардад, ки баъзеҳо норавшан мефаҳманд, ки раванди ҷаҳонишавӣ рафта истодааст, вале бар ивази ин тасаввуроти дақиқе бар он, ки тамаддуни саёраи замин бо мақсади муайян ба тарафе ҳаракат намуда истодааст, нест”. Митио Каку чунин мешуморад, ки ҳангоми афзоиши суръати миёнаи иқтисодӣ тамаддуни заминӣ бо гузариши наздикиҳои 100 сол ба вазъияти тамаддуни саёравие, ки истеъмоли энергияаш ба энергияи гирифташудаи саёраи Замин аз Офтоб (наздики 10^17 Вт) қиёспазиранд, мегузарад.

Дар асоси маълумоти М.И.Кодин ҷаҳонишавӣ сабабгори вайроншавии даромад байни камбизоатон ва сарватмандон гардида, бо гузариши вақт ин раванд афзоиш меёбад. Афзоиши бо ҷӯшу хурӯши илм ва технология иқтисодиёти давлатҳоеро, ки ба гунае “миллиарди тиллоӣ” зиндагӣ мекунанд, фаро мегирад. Ҷаҳонишавӣ ба қавӣ гардидани давлатҳои тараққикарда, ки дар он илм рушд ёфтааст, оварда расонида, таъсири онҳоро ба дигар давлатҳо зиёд менамояд ва нобаробариҳо афзоиш меёбанд. Рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳони рушд карда, табақабандии ҷамъиятиро дар сатҳҳои болои ва поёнӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ кишварҳои қавӣ боз ҳам қавитар мегарданд.

Акнун каме ҷиҳатҳои манфии ҷиддии раванди ҷаҳонишавиро дида мебароем.

Ҷаҳонишавиро натанҳо антиглобалистҳо мавриди танқид қарор медиҳанд, балки баъзе сиёсатмадорон, иқтисодчиён ва олимон низ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор медиҳанд. Масалан, иқтисодчии маъруф Ҷозеф Стиглитс якчанд китобҳо навиштааст, ки дар онҳо якқатор тамоюлҳои муосири ҷаҳонишавиро сахт мавриди танқид қарор додааст. Ҷ.Стиглитс дар асоси фактҳо ва мисолҳои сершумор исбот менамояд, ки раванди ҷойдошта саноатро вайрон менамояд, ба афзоиши сатҳи бекорӣ сабабгор мегардад, қашшоқиро меафзоёнад, прогресси илмӣ-технологиро манъ менамояд ва фалокати иқтисодиро дар саёра амиқтар мегардонад. Ӯ сиёсати глобалии институтҳоро, ки ба манфиати якқатор давлатҳои инкишофёфта ва бар зарари кишварҳои бештари ҷаҳон равона гардидааст, интиқод менамояд.

Ҷаҳонишавӣ ба мушкилоти экологӣ низ метавонад таъсири мусбӣ ва манфӣ дошта бошад. Интиқоди ҷаҳонишавӣ ба фактҳое нишон дода мешавад, ки афзоиши тақсимоти байналмилалии меҳнати бисёри истеҳсолоти зараровар ба кишварҳои инкишофёнаёфта гузаронида мешавад, ки онҳо қобилияти мубориза бурданро бо ингуна мушкилиҳои экологӣ надоранд. Ин ба вайроншавии ҷиддии ҳолати экологии на танҳо ин давлатҳои алоҳида оварда мерасонад, балки дар маҷмуъ ба ҷаҳон таъсири худро мегузорад.

Ғайр аз ин, бо шарофати ҷаҳонишавӣ таҷрибае вуҷуд дорад, ки партовҳо аз кишварҳои ҷаҳони аввал ба кишварҳои тарақикарда бо мақсади безараргардонӣ дар ҳудуди онҳо бурда мешавад. Аммо бинобар сабаби комил набудани технологияи зарурӣ дар ин давлатҳо коркард хеле бад ба роҳ монда шудааст. Инчунин ба он диққати асоси дода мешавад, ки ҷаҳонишавӣ ба либерализатсияи сели савдо ва сели сармоя, ки рақобати байналмилалиро афзоиш медиҳад, тавсиф гардад. Барои оне, ки ба рақибони тиҷории худ ғалаба намуд, аз намояндаҳои давлатӣ талаб менамоянд, то ба қонунгузорӣ содагӣ ворид намуда, шартҳои раванди ҷаҳонишавиро иҷро намоянд. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҳуқуқи коркунони кишварҳои инкишофёфта камҳимоягардида мешавад.

Баъзе аз муаллифон тасдиқ менамоянд, ки Америка раванди ҷаҳонишавиро ҳамчун инструмент барои заиф гардонидан ва ё нест кардани рақибони геополитикии худ истифода менамояд.

Дигарон нишон медиҳанд, ки ҷаҳонишавӣ ба афзоиши иқтисоди спекулятивӣ, монополизатсия истеҳсолот ва фуруши маҳсулот ва аз нав тақсимшавии бойгарӣ ба манфиати гурӯҳи наонқадар калони одамон (“синфи идоракунандаи ҷаҳонӣ”) мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ аз натиҷаҳои таҳлилҳои иҷрогардида ва маълумоти дар боло овардашуда оиди ҷаҳонишавӣ, ки мустанад ва мудаллаланд чунин бар меояд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбии худ ҷиҳатҳои манфии хеле зиёдро доро мебошад. Ҳар як раванди алоҳидаи ҷойдошта бо мақсаде ва барои гурӯҳе аз ҷониби кишварҳои тараққикарда пешниҳод гардидааст. Аз ин рӯ ҳамаи моро хеле зарур аст, ки пеш аз оне ба коре, ки ба раванди равиши ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ аст шурӯъ намоем, хуб мулоҳиза намуда баъд дар ин самт кореро ба анҷом расонем.

Самадов А.С., н.и.х., муаллими калони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ, мушовири академии дараҷаи якуми факултети тиббии ДМТ