НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ

135

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёдро ба бор оварданд. Дар он айёми мудҳишу вазнин барои Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нестшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ гашт, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму иродаи қавӣ ва кӯшишҳои бузурги Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани Истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садҳо таъриф барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносон, дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидан аз манфиат холӣ нест.

Дар асоси гуфтаҳои боло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимӣ, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавонони кишвар саҳмгузор мебошад, барномаҳоеро таҳия намудааст, ки аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла баргузории ҳамоиши илмӣ- назариявии ДМТ вобаста ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи муқовимат ба экстремизм», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», 03.04.2024.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғози ҳамоиш таъкид намуд, ки дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар миллати тамаддунофар маҳсуб мешуд. Зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи вижаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҷавонон неруи бузург ва пешбарандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеаи башарӣ буда, ҳамеша дар пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд.

Бояд таъкид намуд, ки қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ ва ҳатто дар Аврупою Амрико ҳам парчами исломро баланд бардошта, зери он “давлати исломӣ бунёд месозем”, гуфта ба куштору даҳшатофарӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон навъе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор ба такрор таъкид менамоянд, “терроризм дин, мазҳаб, миллат, ватан надорад ”. Ва дар асл ҳам дар китоби ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагони дигарро беҷон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз ҷавонони кишварро мебояд ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кушиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд.

Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Давроншозода Файзулло Давроншо,мушовири академии факултети тиббии ДМТ