ДИАБЕТИ ҚАНД. Занони ҳомила ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан бояд худро чӣ гуна ҳифз намоянд?

240

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон шумораи беморони диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, соли 2023  маротибаи  аввал 10 ҳазору 674 нафар сабти ном шудаанд, ки нисбат ба соли 2022  6950 нафар ё 65 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба пешгирии ин беморӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба гуфтаи  доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Заррина Рафиева, ба ин беморӣ занони ҳомила низ бо сабабҳои гуногун гирифтор мешаванд. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ пешниҳоди хонандагон  мегардад.

Киҳо бештар ба ин беморӣ метавонанд гирифтор шаванд?

           — Саломатӣ асоси некуаҳволии  шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки  «солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад».

Дарвоқеъ, яке аз омилҳои асосие, ки сатҳи саломатии занро муайян месозад, ин вазъи солимии репродуктивии ӯ ба ҳисоб меравад. Саломатии репродуктивии занон соҳаи хеле муҳимми акушерӣ ва гинекологияи муосир мебошад.

Ҷиҳати дастгирии занон дар солимии репродуктивӣ зарур аст, ки барои онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам ва хизматрасонии  босифати тиббӣ дар ин самт таъмин гардад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо дар ин самт дастовардҳои намоён ба чашм мерасанд.  Ҳанӯз соли 2002 бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» қабул гардид. Дар татбиқи қонун бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2011–2020  якчанд иншооти тиббии замонавӣ дар ҷумҳурӣ бунёд шудаанд, ки дар татбиқи ҳадафҳои асосии сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ кумак расониданд. Ин аст, ки 18 августи соли 2020 дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд».

Бояд гуфт, ки ба солимии зан ва кӯдак якчанд омил метавонанд таъсири бад расонанд. Яке аз чунин омилҳои ногувор, ки  метавонад ба модар ва кӯдак таъсир расонад, ин мубтало шудан ба бемории диабети қанд мебошад.

Пешгӯии коршиносон: то соли 2030 гирифторони беморӣ ба 578 миллион нафар мерасад

         Дар шароити имрӯза бемории диабети қанд яке аз  проблемаҳои ҷиддӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро паҳншавии ин патология дар саросари ҷаҳон ба чашм мерасад. Дар байни бемориҳои музмин  диабети қанд пас аз бемориҳои системаи дилу раг ва саратон ҷои сеюмро ишғол менамояд.  Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, шумораи одамони гирифтори диабети қанд қариб 7% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Мутаассифона, солҳои охир афзоиши мунтазами гирифторӣ ба диабети қанд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, соли 2019 шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 ҳазору 258 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумора 20 ҳазору 421 нафар ба мардон ва 25 ҳазору 837 нафар ба занон рост меомад. Соли 2023 шумораи беморони диабети қанд ба 65 ҳазор расид, ки нишондиҳандаи зиёд маҳсуб мешавад.

Бо назардошти паҳншавии диабети қанд коршиносони Федератсияи ҷаҳонии диабет пешгӯӣ менамоянд, ки шумораи гирифторони диабети қанд то соли 2030 ба 578 миллион нафар мерасад.

65%  гирифторони  беморӣ занон ҳастанд

         Аз шумораи умумии беморони диабети қанд  65%  ба занон иртибот дорад. Тибқи пешгӯиҳо, шумораи занони гирифтори диабети қанд бо гузашти солҳо афзоиш ёфта, фарқияти байни мардону занони бемор давоми 10 сол то ба 6 000 000 мерасад. Мутаносибан, шумораи занони синну соли репродуктивӣ, ки мубталои бемории диабети қанд мегарданд, меафзояд.

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ  ба диабети қанд  дорои хатари иҷтимоӣ мебошад. Басомади  диабети қанд дар ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо боло рафта, ҳамчун проблемаи  иҷтимоию тиббӣ ҳалли худро тақозо менамояд.

Басомади баланди паҳншавӣ ва фавт аз бемории диабети қандро ба инобат гирифта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мубориза бо диабети қанд барои солҳои 2006-2010» ба тавсиб расида буд, ки то андозае тавонист ба пешгирии ин намуди беморӣ мусоидат намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли проблема қабул ва амалисозии «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017»-ро  зарур шуморид. Ин барнома низ  дар пешгирии паҳншавии бемории диабети қанд нақши муассир гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион  нафар занони синни насловарӣ зиндагӣ менамоянд ва ин  27,2%  аҳолии ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад. Боиси таассуф аст, ки аз ин шумора 7 ҳазор зани синни насловарӣ ба бемории диабети қанд мубтало мебошанд.

Бемории диабети қанд чанд намуд мешавад?

Диабети қанд бемории мубодилаи моддаҳо маҳсуб мешавад, ки этиологияи он хуб омӯхта шуда, ҳамчун норасоии мутлақ ё нисбии инсулин дар бадан муайян шудааст.  Беморӣ дар илми тиб аз рўйи хусусияти алоҳида таснифбандӣ мешавад. Таснифи диабети қанд, ки ба этиологияи ин беморӣ асос ёфтааст, метавонад диабети навъи 1 ва диабети навъи 2 бошад.

Занони ҳомила ба кадом намуди ин беморӣ метавонанд гирифтор шаванд?

Дар давраи ҳомиладорӣ ба ғайр аз намудҳои дар боло гуфташуда метавонад диабети гестатсионӣ (диабети ҳомиладорӣ) низ ба вуҷуд ояд, ки бори аввал дар давраи ҳомиладорӣ ошкор шуда, дар норасоии мутлақ ё нисбии инсулин зуҳур меёбад.  Агар диабети навъи 1 одатан дар синни ҷавонӣ (аз 5 то 15-сола) инкишоф ёбад,  диабети навъи 2 аксар вақт пас аз 35-солагӣ инкишоф меёбад. Диабети навъи 2 бештар дар одамоне, ки вазни зиёд доранд, инкишоф меёбад. Фарбеҳӣ, ки аксар вақт майли генетикӣ дорад, муқовимати инсулин ва гипергликемияро ба вуҷуд меорад. Ба ғайр аз ин исбот шудааст, ки диабети қанд бемории ирсӣ буда, бо интиқоли молекулаҳои пасти ДНК алоқаманд мебошад.

Хатари пайдоиши диабети қанд дар вақти ҳомиладорӣ кадом аст?

         Омилҳои махсус барои хатари пайдоиши диабети қанди гестатсионӣ ба ҷараёни вазнини ҳомиладорӣ (диабети қанди гестатсионӣ, валодати тифли калонҷусса, фавти дохилибатнии ҷанин, инкишофи нуқсонҳо, исқоти ҳамли қаблӣ), ҳомиладории бисёрҷанина, бисёробӣ, истифодаи технологияи баланди репродуктивӣ (ЭКО ва ғайра), заноне, ки хешу табори наздикашон (модар, падар, хоҳару додарон) дорои диабети қанд мебошанд, афзоиши вазни бадан дар давраи ҳомиладорӣ вобастагӣ дорад.

Оризаҳои ҳомиладорӣ дар занони гирифтори диабети қанд- ин бачапартоӣ, таваллуди тифлони калонҷусса, эмбрио- ва фетопатияҳо, преэклампсия, норасоии пласента, ҷудошавии пласента, бисёробӣ, фавти ҷанин дар дохили бачадон, хунравӣ ва оризаҳои септикӣ дар давраи баъди таваллуд мебошанд. Яке аз аворизи ҷиддии ҳомиладорӣ дар занони гирифтори диабети қанд преэклампсия мебошад, ки нисбат ба аҳолии умумии ҳомиладор 4 маротиба бештар рух медиҳад. Афзоиши бемории бисёробӣ ва сироятҳои узвҳои таносулӣ дар занони ҳомиладори гирифтори диабети қанд ба афзоиши таваллуди пеш аз муҳлат ва пеш аз муҳлат даридани пардаи наздитифлӣ оварда мерасонад.

Хавфи инкишофи диабети қанд дар тифл вобаста ба мавҷудияти диабети қанд дар як ё ҳарду волидайн, дараҷаи ҷуброни диабети қанд дар модар ҳангоми ҳомиладорӣ, намуди диабети қанди модар ва фарорасии беморӣ дар зан вобастагӣ дорад. Ҳар қадар зуҳури диабети қанд дар модар пештар ба қайд гирифта шавад, ҳамон қадар хавфи гирифторӣ ба диабет дар кӯдаки ӯ зиёд мешавад. Хавфи инкишофи диабети қанд (ДҚ)-и навъи 1 дар давоми ҳаёти тифл:

2% — ҳангоми ДҚ навъи 1  дар модар;

6% — ҳангоми ДҚ навъи 1  дар падар;

30-35% — ҳангоми ДҚ навъи 1  дар  ҳарду волидайн  ба назар мерасад.

Дар ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ чӣ бояд намуд?

    Ба сифати чораи пешгирикунандаи (профилактикаи) диабети гестатсионӣ ҳар зани дорои диабети қанд ё ин ки ба гурӯҳи хавфи инкишофи диабети гестатсионӣ шомил, пеш аз банақшагирии ҳомиладорӣ бояд парҳези муайянро риоя намояд. Зеро парҳезкунӣ имкон медиҳад, ки саломатии зан беҳтар гардида, сатҳи  фавти акушерӣ ва перинаталӣ коҳиш ёбад.  Дар чунин ҳолатҳо кӯшиш намудан зарур аст, ки дар рӯйхати истеъмолии шаҳрвандон шакар ва  маҳсулоти дар таркибашон миқдори зиёди глюкозадошта ба маротиб кам истеъмол гардад. Ба ғайр аз ин, аз истеъмоли маҳсулоте, ки дар таркибашон маводи бо суффикси «-оза» тамомшаванда доранд (сукроза, декстроза, фруктоза ва ғайра), бояд худдорӣ намуд. Беҳтар аст, ки ба ҷои афшураҳои мевагӣ афшураҳои сабзавотӣ нушид ва ё ҳадди ақалл афшураҳои мевагиро фақат дар вақти хӯрокхӯрӣ истеъмол намуд.

Ба истеъмоли сабзавот, ғалладонагиҳои коркарднашуда, нони сиёҳ, лӯбиёгиҳо бештар бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Карбогидратҳои ин маҳсулот ба инсон  миқдори кифояи энергия медиҳанд. Онҳо дуру дароз ҳазм мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки ғадуди зери меъда барои коркарди миқдори зарурии инсулин вақти басанда хоҳад дошт.

Истеъмоли ғизоҳои чарбудорро камтар намудан ба манфиат хоҳад буд. Ҳангоми аз ҳад зиёд истеъмол намудани чарбуҳо, ки дар таркиби гӯшт, равған, қаймоқ, саршир, кулчақандҳо мавҷуд мебошанд, самаранокии инсулин камтар мегардад. Зимнан, онҳоро аз номгӯи хӯроки худ комилан бартараф намудан ҳам мумкин нест, зеро бисёр витаминҳое ки барои сабзиши муқаррарӣ ва афзоишёбии ҷанин зарур ҳастанд, дар чарбуҳо вуҷуд доранд. Ҳамчунин истеъмоли моҳӣ ва равғанҳои растанӣ ба организм муфид мебошанд.

Дар даҳсолаҳои охир ба туфайли самаранокии табобат бо инсулин ва истифодаи парҳези оқилона функсияи репродуктивии аксарияти занони гирифтори диабети қанд ба эътидол омадааст. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба саломатии занон буд, ки чораҳои татбиқгардида сатҳи фавти занони ҳомила ва занони таваллудкунандаи гирифтори диабети қандро, ки дар ибтидои аср ба 50% ва бештар аз он мерасид,  то 0,2-0,7% коҳиш доданд.

khovar.tj