ТОЗАНАШР

184

Аз ҷониби устодони кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ,дотсентон Ғафуров С.Ҷ., Ахмедова А.Р. ва ассистент Холиқова Б.Ю., дастури таълимӣ “Асосҳои тайёрии тиббӣ” (Basics of medical training) бо забони англисӣ барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз чоп бароварда шуд. Дастури мазкур аз ду қисм: масъалаҳои назариявии донишҳои тиббӣ ва иҷрои малакаҳои амалии ин донишҳо иборат мебошад. Дастури таълимии мазкур ба масъалае бахшида шудааст, ки бо асосҳои донишҳои тиббӣ оид ба расонидани кумакҳои аввалин ҳангоми ҷароҳатҳои гуногун, шикасти устухонҳо, хунравиҳо ё бемориҳои ногаҳонӣ бо мақсади пешгирии таҳдид ба ҳаёт ва фаъолияти инсон, бартараф намудани эҳтимолияти иллату нуқсонҳо, омода намудани осебдида барои интиқол ва ғайра алоқаманд аст.