РАМЗИ МУТТАҲИДСОЗАНДА

219

Парчам ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраҳои ҳассоси таърихие рост омад, ки кишвари тозаистиқлоламон гирифтори буҳрони сиёсӣ гардида, ҳар лаҳза онро нестшавӣ таҳдид мекард. Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олӣ ҳамин Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидсоз рӯи даст гирифта шуда, қабул карда шуд.

Бо дарки ҳамин муқаддасоти миллӣ ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ вакилони мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Яъне Парчами давлатӣсамараи неки иҷлосияи зикршудаи Шурои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 31-умин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат рост меояд.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣиқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣхотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, ки дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Ин аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидсоз ва муаррифигари миллат ва халқи Тоҷикистон қабул гардида, шуруъ аз соли 2009 инҷониб ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Ковиёнӣ» ва ё «Ахтари Ковиёнӣ» агар ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда бошад, пас дар давоми танҳо сад соли охир рамзу асолати миллию давлатдоридошта, таҷассум намудаанд.

Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки давлати Тоҷикистону халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр муаррифӣ менамояд, ифтихори ҳар як соҳибватан аст.

Воқеан, дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ҳамарӯза Парчами миллӣ парафшон мегардад.

Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзӣ аст.

Бинобар ин, ҳаряки мо соҳибватанон вазифадор ва уҳдадор ҳастем, ки ҳомии ҳастӣ, устуворӣ ва пойдории Парчами давлатии худ бошем, зеро пойдорӣ ва парафшонии Парчам ҳидоят ба фардои ватани шукуфону дурахшон аст.

Эраҷи Шералӣ,муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия