ҲУВИЯТ, ОЗОДАГӢ ВА ҒУРУРУ НОМУСИ МИЛЛАТ

185

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Бостоншиносон таъкид менамоянд, ки Парчам таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Аввалин парчам аз матоъ дар Чин, баъд дар Мисру Эрони қадим пайдо шудааст. Дар китоби муқадаси Авасто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим сабт гардидааст. Он яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад ва дар соҳаи ҳарбӣ нақши бағоят муҳим дорад. Ҳимояи парчам вазифаи муққадас ҳисобида шуда, сарбози шуҷою далер, қавииродаю матинро парчамбардор интихоб менамоянд, зеро забти Парчам маънои шикастхӯрии лашкарро дорад.

Гузаштагони мо аввалин парчамбардорон дар Осиёи Марказӣ баҳри сулҳу озодӣ ва ояндаи дурахшон буданд. Парчам тули солҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалат доштааст. Инро бояд қайд намоем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф ороста, барои ҳимояи марзу буми кишварамон ҷонгудозиҳои зиёде кардаанд.

Таърих абадист, зеро қавму миллатҳои гуногуни давлати хешро зери ливои рамзу шуҷоату далерӣ, рафоқат, сулҳу ваҳдат ва покизагию поктинатӣ поягузорӣ намуда, орзуву омоли худро дар ин рамзи давлатӣ нақшбандӣ намудаанд.

Мо ифтихормандем, ки Парчами давлатиамон дар пешгоҳи бинои Созмони Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон барафрохта мешавад.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқе ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтааст.

Соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ эълон гардид. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муққадасоти миллат, Парчами давлатист, ки ҳастиву ифтихори миллии моро ифода мекунад. Тамоми санадҳои муҳим марбут ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон бо ибтикору дастур ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шудаанд. Ин далел бори дигар фаъолиятмандӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори баланди миллии Сарвари кишвари моро собит менамояд. Пешвои миллат ҳамчун рамзи садоқат ба халқу миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти милли борҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро бӯсидаву ба чашм молидаанд. Ин барои ҳар як сокини кишвар дарси ибрат дар ҷодаи муҳаббат ва садоқат ба Ватани маҳбуб мебошад.

Дар давлати соҳибистиқлоли мо рамзи асосии давлатдориамон парчам мебошад. Дар даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон баъди Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир шудани дирафши Ковиён шаҳодат аз таърихи бузурги парчамбардории тоҷикон буда, он водор месозад, ки ба қадри муқаддасоти кишвари азизи худ бирасем. Он гоҳ парчами мо поянда ва устувор мемонад.

Беҳуда намегуянд, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, эҳтиром ба миллат аст. Ин аст, ки бо таваҷҷуҳи хоса дар корхонаву идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар мавзеъҳо Парчами давалатӣ барафрохта мешавад.

Бо заҳмати шабонарӯзии ҷавонони кишвар, ки имрӯзҳо бо дониш ва малакаву маҳорати худ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ иштирок мекунанд, Парчами давлатии Тоҷикистон боифтихор ҷилва менамоянд, ки он шарафи миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Замони он расидааст, ки ҳар фарди худогоҳу хештаншинос барои ҳифзи давлати миллӣ, қалб аз ҳама, рамзҳои он кӯшиш намояд. Инчунин дар қатори дигар ҷашну маросимҳо Рӯзи Парчами давлатиро, ки ҳамасола ботантана таҷлил карда мешавад, гиромӣ дорад.

Иззатуллоев А.С.,устоди ДМТ